https://sputnik.tj/20240125/toqaev-tojikiston-meravad-elon-safar-1061399353.html
Қосимҷомарт Тоқаев кай ба Тоҷикистон меояд? Эълони сафари дарпешистода
Қосимҷомарт Тоқаев кай ба Тоҷикистон меояд? Эълони сафари дарпешистода
Sputnik Тоҷикистон
Вазирони корҳои хориҷии ҷумҳурӣ вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ карданд
2024-01-25T16:15+0500
2024-01-25T16:15+0500
2024-01-25T17:10+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
сиёсат
қосим -жомарт тоқаев
вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0f/1042282127_0:234:3077:1965_1920x0_80_0_0_8beebfc8faf484fd07181472714d6a03.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад. Дар бораи омодагӣ ба ин сафар сарони вазоратҳои корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Мурат Нуртлеу гуфтугӯ карданд. Гуфта мешавад, ки вазирон дар бораи харитаи роҳ барои омодасозии сафари давлатӣ ба мувофиқа расиданд. Аммо вазоратҳои хориҷаи ду ҷумҳурӣ то ҳол санаи дақиқи онро эълон накардаанд. Ягона чизеро, ки Sputnik Тоҷикистон аз ин ниҳод дастрас кард, ин сафар тобистони соли ҷорӣ дар назар аст.Ба ҷуз аз имзои созишномаҳо дар бораи сафари дарпешистода, вазирон вазъият ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ карданд. Илова бар ин, дар рафти гуфтушунид хати дастгирии мутақобила дар пешбурди ташаббусҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ, СААД ва САҲА тасдиқ гардид. Қаблан вазири хориҷаи Қазоқистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот карда буд. Дар он роҳбари ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Қазоқистон аз авлавияти доимии сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Ёдовар мешавем, ки Мурат Нуртлеу, вазири умури хориҷии Қазоқистон рӯзи 24 январ бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода пешвоз гирифт.
https://sputnik.tj/20240125/rahmon-vazir-khorija-qazoqiston-muloqot-tafsilot-1061396363.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0f/1042282127_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_abd4f3e12bdb97d5a9ae1b258847ebbb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қосимҷомарт тоқаев тоҷикистон сафар
қосимҷомарт тоқаев тоҷикистон сафар
Қосимҷомарт Тоқаев кай ба Тоҷикистон меояд? Эълони сафари дарпешистода
16:15 25.01.2024 (Навсозишуда: 17:10 25.01.2024) Вазирони корҳои хориҷии ҷумҳурӣ вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад.
Дар бораи омодагӣ ба ин сафар сарони вазоратҳои корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Мурат Нуртлеу гуфтугӯ карданд.
Гуфта мешавад, ки вазирон дар бораи харитаи роҳ барои омодасозии сафари давлатӣ ба мувофиқа расиданд.
Аммо вазоратҳои хориҷаи ду ҷумҳурӣ то ҳол санаи дақиқи онро эълон накардаанд. Ягона чизеро, ки Sputnik Тоҷикистон аз ин ниҳод дастрас кард, ин сафар тобистони соли ҷорӣ дар назар аст.
Ба ҷуз аз имзои созишномаҳо дар бораи сафари дарпешистода, вазирон вазъият ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ карданд.
Илова бар ин, дар рафти гуфтушунид хати дастгирии мутақобила дар пешбурди ташаббусҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ, СААД ва САҲА тасдиқ гардид.
Қаблан вазири хориҷаи Қазоқистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот карда буд.
Дар он роҳбари ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Қазоқистон аз авлавияти доимии сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Мурат Нуртлеу, вазири умури хориҷии Қазоқистон рӯзи 24 январ бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода пешвоз гирифт.