https://sputnik.tj/20240204/vakili-duma-izhoroti--prezidenti-lahiston-ukraina-1061551412.html
Вакили Дума изҳороти президенти Лаҳистон дар бораи Қримро шок барои Украина хонд
Вакили Дума изҳороти президенти Лаҳистон дар бораи Қримро шок барои Украина хонд
Sputnik Тоҷикистон
Вакили Думаи давлатӣ изҳороти президенти Лаҳистон дар бораи он, ки Қрим таърихан мансуби Русия будасту баргардондани он баъид аст, такондиҳанда хонд
2024-02-04T16:01+0500
2024-02-04T16:01+0500
2024-02-04T16:01+0500
дар русия
сиёсат
думаи давлатӣ
лаҳистон
украина
киев
вакили дума
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102844/43/1028444394_0:253:3072:1981_1920x0_80_0_0_b90cfe3df8f7c63803256c526428993a.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Президенти Лаҳистон Анжей Дуда бо изҳороти худ дар бораи мансубтияти таърихии Қрим мақомоти Украинаро такон дод, изҳор дошт вакили Думаи давлатӣ аз Севастопол, узви Кумитаи умури байнулмилалӣ Дмитрий Белик. Қаблан раисиҷумҳури Лаҳистон, дар мусоҳиба бо барномаи "Kanal Zero" эътироф кард, ки Қрим таърихан ба Русия тааллуқ дошт ва афзуд, ки намедонад, ки Украина метавонад нимҷазираро зери назорати худ баргардонад ё на. Дуда бо изҳорот дар бораи мақоми Қрим гилемро аз зери пои ҳамтои украиниаш Зеленский берун кашид, гуфт Белик. Вай зикр намуд, ки Лаҳистон дар Аврупо барандаи аслии манфиатҳои Амрико ва шадидтарин русофоби дар сиёсати худ аст."Изҳороти он, ки Қрим ба Украина барнамегардад, бисёриҳоро ба андеша водор мекунад: оё куртаҳоро даррондан ва ба вагонҳо ба Украина пул фиристодан арзиши онро дорад ё на, ки ҳатто Лаҳистон ба он боварӣ надорад. Оё ин сарфи беҳуда нест", - илова намуд Белик. Ахиран раисиҷумҳури Лаҳистон гуфт, баид аст, ки Украина Қримро баргардонад. Барои ин вай фавран аз ҷониби сиёсатмадорони эътилофи аврупоӣ, ки дар кишвар ҳукмронӣ мекунад, танқид карда шуд. Ҳамзамон вай умедвор аст, ки Украина назорат бар Донетск ва Луганскро "аз нав ба даст меорад".Қрим аз соли 2014 ва Донетску Луганск аз соли 2022 баъди раъйпурсӣ ба Русия пайвастанд.
https://sputnik.tj/20240204/orban-vaqt-sudi-rusiya-kiev-1061550934.html
лаҳистон
украина
киев
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102844/43/1028444394_182:0:2913:2048_1920x0_80_0_0_ebf7b8a05bd104eda7860e2811128e02.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, русия, лаҳистон, мансубият, такон
президент, русия, лаҳистон, мансубият, такон
Вакили Дума изҳороти президенти Лаҳистон дар бораи Қримро шок барои Украина хонд
Вакили Думаи давлатӣ изҳороти президенти Лаҳистон дар бораи он, ки Қрим таърихан мансуби Русия будасту баргардондани он баъид аст, такондиҳанда хонд
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Президенти Лаҳистон Анжей Дуда бо изҳороти худ дар бораи мансубтияти таърихии Қрим мақомоти Украинаро такон дод, изҳор дошт вакили Думаи давлатӣ аз Севастопол, узви Кумитаи умури байнулмилалӣ Дмитрий Белик.
Қаблан раисиҷумҳури Лаҳистон, дар мусоҳиба бо барномаи "Kanal Zero" эътироф кард, ки Қрим таърихан ба Русия тааллуқ дошт ва афзуд, ки намедонад, ки Украина метавонад нимҷазираро зери назорати худ баргардонад ё на.
Дуда бо изҳорот дар бораи мақоми Қрим гилемро аз зери пои ҳамтои украиниаш Зеленский берун кашид, гуфт Белик.
"Барои режими Киев, ин бешубҳа такон аст. Онҳо албатта чунин як чархиши сиёсиро интизор набуданд аз Лаҳистон", - изҳор дошт вакил.
Вай зикр намуд, ки Лаҳистон дар Аврупо барандаи аслии манфиатҳои Амрико ва шадидтарин русофоби дар сиёсати худ аст.
"Изҳороти он, ки Қрим ба Украина барнамегардад, бисёриҳоро ба андеша водор мекунад: оё куртаҳоро даррондан ва ба вагонҳо ба Украина пул фиристодан арзиши онро дорад ё на, ки ҳатто Лаҳистон ба он боварӣ надорад. Оё ин сарфи беҳуда нест", - илова намуд Белик.
Ахиран раисиҷумҳури Лаҳистон гуфт, баид аст, ки Украина Қримро баргардонад. Барои ин вай фавран аз ҷониби сиёсатмадорони эътилофи аврупоӣ, ки дар кишвар ҳукмронӣ мекунад, танқид карда шуд. Ҳамзамон вай умедвор аст, ки Украина назорат бар Донетск ва Луганскро "аз нав ба даст меорад".
Қрим аз соли 2014 ва Донетску Луганск аз соли 2022 баъди раъйпурсӣ ба Русия пайвастанд.