Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор олими унвондор дорад

© Flickr \ Nenad StojkovicНаучная сотрудница смотрит в микроскоп
Научная сотрудница смотрит в микроскоп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2024
Обуна шудан
Теъдоди олимони ҷавони то 35-солаи дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар Тоҷикистон 740 нафарро ташкил медиҳад, ки ҳафтяки шумораи умумии унвондорҳост
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Синни миёнаи докторҳои илм дар Тоҷикистон ба ҳолати ҷамъбасти соли 2023 ба ҳисоби миёна 65-ро ташкил медиҳад.
Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ дода, дастовардҳо дар ин бахшро эълон намуд.
Айни замон, тибқи ҳисоботи оморӣ дар ҷумҳурӣ 5340 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, афзуд ин ин ниҳод.
Тавзеҳ дода шуд, ки аз инҳо 865 нафар доктори илм, 4370 нафар номзади илм ва 105 нафар доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд.
Школьная доска, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2024
Баҳои 5 дигар аъло нахоҳад буд: Татбиқи низоми нави баҳогузорӣ дар Тоҷикистон
Теъдоди олимони ҷавони то 35-солаи дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар кишвар 740 нафарро ташкил медиҳад.
"Синну соли миёнаи докторони илм 65-сола, номзадони илм 51-сола ва доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисос 32-сола мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Феълан дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди раисҷумҳури Тоҷикистон 74 шурои диссертатсионӣ таъсис дода шудааст, ки аз рӯйи 180 ихтисоси анъанавӣ ва 180 ихтисоси доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос рисолаҳоро қабул менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0