https://sputnik.tj/20240202/bahoi-alo-nizomi-nav-tojikiston-1061519366.html
Баҳои 5 дигар аъло нахоҳад буд: Татбиқи низоми нави баҳогузорӣ дар Тоҷикистон
Баҳои 5 дигар аъло нахоҳад буд: Татбиқи низоми нави баҳогузорӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон дастурамали меъёрҳои 10-холаи баҳодиҳӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумиро тасдиқ карданд
2024-02-02T10:50+0500
2024-02-02T10:50+0500
2024-02-02T17:25+0500
дар тоҷикистон
маориф
мактаб
таҳсил
вазорати маорифу илми тоҷикистон
дастур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101827/24/1018272492_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_05be3e1a5bcb82a598b764ef58b40f03.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон айни ҳол низоми 10-холаи баҳодиҳӣ дар ҳудуди 140 мактаб ба таври таҷрибавӣ роҳандозӣ гардидаст. Дар ин бора вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки дар сурати натиҷаҳои мусбат ин низом дар тамоми макотиби кишвар ҷорӣ мегардад. Дар зимн мақомоти Тоҷикистон аллакай дастурамали меъёрҳои 10-холаи баҳодиҳӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумиро тасдиқ карданд. Ҷорӣ намудани ин тарзи баҳодиҳиро дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ рабт дод. Муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот аз аҳдофи низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ гуфта шуд. Ба иттилои Вазорати маориф сифати таҳсил дар макотиби кишвар сол ба сол беҳтар шудааст. Ин ниҳод бо такя ба таҳлилҳояш муайян намуд, ки дар маҷмуъ сифати таҳсилот ба 37,6% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ бошад ба 85,4% баробар аст. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли таҳсили қаблӣ сифати таҳсилот 2,2% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ 1,5 % баланд гардидааст, таъкид намуд Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
https://sputnik.tj/20240202/vazorati-maorif-dastovard-sol-omuzgor-1061519001.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101827/24/1018272492_191:0:2922:2048_1920x0_80_0_0_2b566e8bc905ce30a9532984f1c59ea6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
татбиқ, низом, нав, баҳогузорӣ, тоҷикистон
татбиқ, низом, нав, баҳогузорӣ, тоҷикистон
Баҳои 5 дигар аъло нахоҳад буд: Татбиқи низоми нави баҳогузорӣ дар Тоҷикистон
10:50 02.02.2024 (Навсозишуда: 17:25 02.02.2024) Мақомоти Тоҷикистон дастурамали меъёрҳои 10-холаи баҳодиҳӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумиро тасдиқ карданд
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон айни ҳол низоми 10-холаи баҳодиҳӣ дар ҳудуди 140 мактаб ба таври таҷрибавӣ роҳандозӣ гардидаст.
Дар ин бора вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки дар сурати натиҷаҳои мусбат ин низом дар тамоми макотиби кишвар ҷорӣ мегардад.
Дар зимн мақомоти Тоҷикистон аллакай дастурамали меъёрҳои 10-холаи баҳодиҳӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумиро тасдиқ карданд.
Ҷорӣ намудани ин тарзи баҳодиҳиро дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ рабт дод.
Муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот аз аҳдофи низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ гуфта шуд.
Ба иттилои Вазорати маориф сифати таҳсил дар макотиби кишвар сол ба сол беҳтар шудааст.
Ин ниҳод бо такя ба таҳлилҳояш муайян намуд, ки дар маҷмуъ сифати таҳсилот ба 37,6% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ бошад ба 85,4% баробар аст.
Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли таҳсили қаблӣ сифати таҳсилот 2,2% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ 1,5 % баланд гардидааст, таъкид намуд Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.