https://sputnik.tj/20240203/rusiya-maktabho-ruszabon-tojikiston-sarmoyaguzori-1061542460.html
Русия барои мактабҳои русзабон дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад
Русия барои мактабҳои русзабон дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Аввалин муассисаҳои таълимие, ки маблағгузорӣ мешаванд, мактабҳое хоҳанд буд, ки раванди таълим дар онҳо бо забони русӣ сурат мегирад
2024-02-03T12:55+0500
2024-02-03T12:55+0500
2024-02-03T12:55+0500
русия
дар тоҷикистон
мактаб
русзабон
маориф
маблағгузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/02/1051114038_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_b3230e89b0ddaf940fcef2b607236251.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Ҳукумати Русия ба мактабҳои Тоҷикистон 200 миллион рубл мефиристад. Дар ин бора вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода дар нишасти матбуотияш хабар дод. Ҳамин тариқ, аввалин муассисаҳои таълимие, ки маблағгузорӣ мешаванд, мактабҳое хоҳанд буд, ки раванди таълим бо забони русӣ сурат мегирад. Ин маблағ барои навиштан ва нашри китобҳои дарсӣ барои 244 муассисаи таълимӣ масраф хоҳад шуд, шарҳ дод раиси Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон. Вай гуфт, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 60 мактаб мавҷуд аст, ки дар онҳо таълим танҳо ба забони русӣ мегузарад. Дар ҳоли ҳозир бошад, коршиносон китобҳои дарсии русиро барои мактаббачаҳои Тоҷикистон мутобиқ мекунанд. Ба гуфтаи вазир, дар соли 2024 барои маорифи Тоҷикистон беш аз 8 миллиард сомонӣ сарф мешавад. Ин нисбат ба соли 2023 1,2 миллиард ё 12,5% зиёд аст.Қаблан Русия ва Тоҷикистон ба мувофиқа расида буданд, ки барои ҷумҳурӣ дар заминаи марказҳо ва донишгоҳҳои муштарак омӯзгорон омода кунанд, гуфт вазири маорифи Русия Сергей Кравтсов. Аз Федератсияи Русия ба ҷумҳурӣ муаллимони забони русӣ, биология, физика ва химия меоянд. Ёдовар мешавем, ки Русия ахиран барои сохтмони 5 мактаб Тоҷикистон 150 миллион доллар сармоягузорӣ карда буд, ки онҳо аз 1 сентябри соли 2022 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода фаъолият доранд. Ҳар як муассисаи таълимӣ барои 1200 кӯдак пешбинӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20240202/vazorati-maorif-dastovard-sol-omuzgor-1061519001.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/02/1051114038_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_a4dead0cb0ed493dbf17b6e7202859f8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия мактабҳо русзабон тоҷикистон сармоягузорӣ
русия мактабҳо русзабон тоҷикистон сармоягузорӣ
Русия барои мактабҳои русзабон дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад
Аввалин муассисаҳои таълимие, ки маблағгузорӣ мешаванд, мактабҳое хоҳанд буд, ки раванди таълим дар онҳо бо забони русӣ сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Ҳукумати Русия ба мактабҳои Тоҷикистон 200 миллион рубл мефиристад.
Дар ин бора вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода дар нишасти матбуотияш хабар дод.
Ҳамин тариқ, аввалин муассисаҳои таълимие, ки маблағгузорӣ мешаванд, мактабҳое хоҳанд буд, ки раванди таълим бо забони русӣ сурат мегирад.
Ин маблағ барои навиштан ва нашри китобҳои дарсӣ барои 244 муассисаи таълимӣ масраф хоҳад шуд, шарҳ дод раиси Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
Вай гуфт, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 60 мактаб мавҷуд аст, ки дар онҳо таълим танҳо ба забони русӣ мегузарад.
Дар ҳоли ҳозир бошад, коршиносон китобҳои дарсии русиро барои мактаббачаҳои Тоҷикистон мутобиқ мекунанд.
"То охири моҳи феврал китобҳои дарсии мутобиқшуда муаррифӣ мешаванд ва онҳо бояд то 1 сентябри соли равон ба муассисаҳои таълимӣ ворид шаванд", - гуфт Саидзода.
Ба гуфтаи вазир, дар соли 2024 барои маорифи Тоҷикистон беш аз 8 миллиард сомонӣ сарф мешавад. Ин нисбат ба соли 2023 1,2 миллиард ё 12,5% зиёд аст.
Қаблан Русия ва Тоҷикистон ба мувофиқа расида буданд, ки барои ҷумҳурӣ дар заминаи марказҳо ва донишгоҳҳои муштарак омӯзгорон омода кунанд, гуфт вазири маорифи Русия Сергей Кравтсов.
Аз Федератсияи Русия ба ҷумҳурӣ муаллимони забони русӣ, биология, физика ва химия меоянд.
Ёдовар мешавем, ки Русия ахиран барои сохтмони 5 мактаб Тоҷикистон 150 миллион доллар сармоягузорӣ карда буд, ки онҳо аз 1 сентябри соли 2022 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода фаъолият доранд. Ҳар як муассисаи таълимӣ барои 1200 кӯдак пешбинӣ шудааст.