Дар Тоҷикистон омӯзгор намерасад: Донишҷӯён сафарбар шудаанд, аммо норасоӣ ҳанӯз боқист

© SputnikОткрытие класса для изучения русского языка в школе №75 города Турсунзаде
Открытие класса для изучения русского языка в школе №75 города Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2024
Обуна шудан
Соли таҳсили 2023-2024 ниёзи муассисаҳои таълимӣ дар Тоҷикистон омӯзгорон дар қиёс бо соли қаблӣ қариб ҳазор нафар зиёд гардид, ки пурра таъмин нашудаст
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дар оғози соли равон ба қариб 4,4 ҳазор омӯзгор ниёз доштанд, ки нисбат ба соли таҳсили қаблӣ 947 нафар зиёд буд.
Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон зимни ҷамъбасти фаъолияти солонааш эълон кард.
Зикр гардид, ки бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ соли 2023 дар 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 13 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тақсимоти мутахассисони ҷавон гузаронида шуд.
Дар асоси тақсимоти мазкур 3432 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла, 2685 нафар таҳсилоти олии касбӣ ва 747 нафар таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сафарбар гардиданд, афзуд Вазорат.
Вступительные экзамены для абитуриентов в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2024
Наздик ба 10 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсили худро дар Русия идома медиҳанд
Аз ин шумора 669 нафар тибқи квотаи президент мебошад, аммо на ҳама ба ҷои кор ҳозир гардидаанд.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз шумораи умумии сафарбаршудаҳо танҳо 2386 нафар ба ҷойи кор ҳозир гардиданд.
Ин ниҳод барои таъмини ниёзи мактабҳо донишҷӯёни курсҳои болоиро равона кардааст.
Тибқи фармоиши вазири маориф ва илм 2170 нафар донишҷӯи курсҳои 4 ва 5-и ихтисосҳои омӯзгорӣ ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар гардидаанд.
Дар баробари ин, 1537 нафар омӯзгор дар муассисаҳои таълимӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 300 нафарро ташкил медиҳад, афзуд манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0