https://sputnik.tj/20240203/jazoi-mansabdor-tojik-rioya-nakardan-bekhatari-sanoat-1061542277.html
Ҷазои 45 мансабдори тоҷик барои риоя накардани бехатарӣ дар саноат
Ҷазои 45 мансабдори тоҷик барои риоя накардани бехатарӣ дар саноат
Sputnik Тоҷикистон
Рух додани ҳодисаҳои нохуш дар корхонаю идораҳои Тоҷикистон, ки дар пайи куштаву захмӣ дошт, мунҷар ба ҷазои раҳбарон барои бемасъулиятӣ шудааст
2024-02-03T11:42+0500
2024-02-03T11:42+0500
2024-02-03T11:42+0500
дар тоҷикистон
кон
санҷиш
ҷарима
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/07/1043298898_0:297:3113:2048_1920x0_80_0_0_f38920c6b9ef6fc32d06facc6bec71b9.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои роҳ додан ба камбудиҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ 45 нафар шахсони мансабдор ҷазо гирифтаанд.Дар ин бора Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин 328 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии корхонаҳои бақайдгирифташударо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, дар умум ҳудуди 1,7 млн сомонӣ ҷарима шуданд.Таъкид шудааст, ки дар фаъолияти масъулини муҷозотшуда бемасъулиятӣ дар таъмини шароити лозима барои коргарон ва нақзи талаботи қонунгузории амалкунанда дар бахши бехатарии корҳо ба қайд гирифта шудааст.Чунин бемасъулиятиҳо ва дар баъзе ҳолатҳо ноогоҳии худи коргарон ба ҳодисаи нохуш оварда расонидааст, ки дар соли 2023 ба 52 ҳолат мерасонад, ки 36-тоаш бо марги коргар анҷомида, 34 захмӣ ҳам доштааст. Ин ниҳод ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ 2270 бандҳои вайронкуниҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор кардааст."Барои бартараф кардани камбудиҳо дар корхонаҳои зериназоратӣ 225 санад-нишондод ва 11 нишондод оид ба боздошти кор пешниҳод гардидааст", - афзудааст манбаъ.Гуфта мешавад, ки ин ниҳод дар доираи ваколатҳо ба корхонаву ташкилот ва объектҳои бақайдгирифташуда тибқи тартиби муқарраргардида 155 иҷозатномаи намудҳои фаъолият додааст. Хадамот дар давраи ҳисоботӣ 3045 корхона ва 12 ҳазору 819 объектҳо ба қайд гирифтааст. Аз ҷониби 8 нозироти давлатии марказӣ ва 3 нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ дар корхона ва объектҳои сабтшуда 225 назоратҳои техникӣ гузаронида шуданд, ки аз инҳо 197 назорати нақшавӣ ва 28 назорати ғйринақшавӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20230328/halokat-sokin-isfara-ikhroj-gaz-kon-angisht-shurob-1055810318.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/07/1043298898_12:0:2743:2048_1920x0_80_0_0_9e19be5cbf19edfb38814c3ab3b6d2a8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷазои мансабдор тоҷик риоя накардан бехатарӣ саноат
ҷазои мансабдор тоҷик риоя накардан бехатарӣ саноат
Ҷазои 45 мансабдори тоҷик барои риоя накардани бехатарӣ дар саноат
Рух додани ҳодисаҳои нохуш дар корхонаю идораҳои Тоҷикистон, ки дар пайи куштаву захмӣ дошт, мунҷар ба ҷазои раҳбарон барои бемасъулиятӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои роҳ додан ба камбудиҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ 45 нафар шахсони мансабдор ҷазо гирифтаанд.
Дар ин бора Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин 328 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии корхонаҳои бақайдгирифташударо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, дар умум ҳудуди 1,7 млн сомонӣ ҷарима шуданд.
Таъкид шудааст, ки дар фаъолияти масъулини муҷозотшуда бемасъулиятӣ дар таъмини шароити лозима барои коргарон ва нақзи талаботи қонунгузории амалкунанда дар бахши бехатарии корҳо ба қайд гирифта шудааст.
Чунин бемасъулиятиҳо ва дар баъзе ҳолатҳо ноогоҳии худи коргарон ба ҳодисаи нохуш оварда расонидааст, ки дар соли 2023 ба 52 ҳолат мерасонад, ки 36-тоаш бо марги коргар анҷомида, 34 захмӣ ҳам доштааст.
Ин ниҳод ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ 2270 бандҳои вайронкуниҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор кардааст.
"Барои бартараф кардани камбудиҳо дар корхонаҳои зериназоратӣ 225 санад-нишондод ва 11 нишондод оид ба боздошти кор пешниҳод гардидааст", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки ин ниҳод дар доираи ваколатҳо ба корхонаву ташкилот ва объектҳои бақайдгирифташуда тибқи тартиби муқарраргардида 155 иҷозатномаи намудҳои фаъолият додааст.
Хадамот дар давраи ҳисоботӣ 3045 корхона ва 12 ҳазору 819 объектҳо ба қайд гирифтааст.
Аз ҷониби 8 нозироти давлатии марказӣ ва 3 нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ дар корхона ва объектҳои сабтшуда 225 назоратҳои техникӣ гузаронида шуданд, ки аз инҳо 197 назорати нақшавӣ ва 28 назорати ғйринақшавӣ мебошад.