https://sputnik.tj/20230328/halokat-sokin-isfara-ikhroj-gaz-kon-angisht-shurob-1055810318.html
Ҳалокати ду сокини Исфара аз ихроҷи газ дар кони “Ангишт”-и Шӯроб
Ҳалокати ду сокини Исфара аз ихроҷи газ дар кони “Ангишт”-и Шӯроб
Sputnik Тоҷикистон
Дар дуввумин кони бузурги истеҳсоли ангишт дар шимоли Тоҷикистон, шаҳри Исфара ҳодисаи нохуш сар зада, ки дар пайи қурбонӣ доштааст
2023-03-28T17:13+0500
2023-03-28T17:13+0500
2023-03-28T18:21+0500
дар тоҷикистон
исфара
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
истеҳсоли ангишт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/07/1043298898_0:297:3113:2048_1920x0_80_0_0_f38920c6b9ef6fc32d06facc6bec71b9.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мар – Sputnik. Хориҷшавии газ дар дохили кони “Ангишт” - и шаҳри Исфара боиси ба ҳалокат расидани ду кeҳкани ин корхона шудааст.Ин ҳодисаро раёсати Кумимтаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард.Бино ба иттилоъи манбаъ ин ҳодисаи нохуш шоми 27 март рух дода, бар асари он ду корманди ҶСК “Ангишт” Комилҷон Содиқов, сокинони ҷамоати Чоркӯҳ ва як сокини дигари шаҳраки Шӯроби Исфара ба ҳалокат расидаанд. Аз мақомоти шаҳри Исфара низ гуфтанд, ки пас аз рухдоди ин ҳодисаи мудҳиш ҳоло наҷотдиҳандагон ва идораи сӯхторнишонӣ ҳамроҳи табибон ба маҳалли ҳодиса рафта ба таҳқиқ ва бартарафкунии паёмадҳои он машғуланд. Ёдовар мешавем, ки ин ҳодисаи нахуст набуда, чунин ҳолат ду сол қабл низ рух дода буд.Он замон масъулони ҶСК “Ангишт” шарҳ дода буданд, ки “дар вақти ихроҷи газ ҳамаи кормандон бо кумаки қисми наҷотдиҳии кӯҳӣ аз ҷойи ҳодиса берун карда шуданд, вале Тошбоев Абдуманнон Қаюмович, ки 61 сол буд ва сардори ҳавзаи конро ба уҳда дошт наҷот ёфта натавониста ва натиҷаи зиёд заҳролудшавӣ ба ҳалокат расид”. Кони “Ангишт”-и Шӯроб дар шаҳри Исфара баъд аз “Анзоб”-и ноҳияи Айнӣ дуюмин бузургтарин кони ангишт дар шимоли Тоҷикистон маҳсуб шуда, масолеҳи истихроҷшудаи онҳо умдатан гармхонаи муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустии кишварро бо ин навъ маводи сӯхт таъмин мекунанд.Ахиран Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ хабар дода буд, ки соли 2022 аз тарафи нозиротҳои ин ниҳод 40 ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 25 нафар ҳалок ва 46 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
https://sputnik.tj/20230201/jarimai-shakhsoni-huquq-qoidaho-bekhatari-sanoati-1054630971.html
исфара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/07/1043298898_12:0:2743:2048_1920x0_80_0_0_9e19be5cbf19edfb38814c3ab3b6d2a8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳалокат сокин исфара ихроҷ газ кон “ангишт” шӯроб
ҳалокат сокин исфара ихроҷ газ кон “ангишт” шӯроб
Ҳалокати ду сокини Исфара аз ихроҷи газ дар кони “Ангишт”-и Шӯроб
17:13 28.03.2023 (Навсозишуда: 18:21 28.03.2023) Эксклюзив
Дар дуввумин кони бузурги истеҳсоли ангишт дар шимоли Тоҷикистон, шаҳри Исфара ҳодисаи нохуш сар зада, ки он дар пай қурбонӣ доштааст
ДУШАНБЕ, 28 мар – Sputnik. Хориҷшавии газ дар дохили кони “Ангишт” - и шаҳри Исфара боиси ба ҳалокат расидани ду кeҳкани ин корхона шудааст.
Ин ҳодисаро раёсати Кумимтаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард.
Бино ба иттилоъи манбаъ ин ҳодисаи нохуш шоми 27 март рух дода, бар асари он ду корманди ҶСК “Ангишт” Комилҷон Содиқов, сокинони ҷамоати Чоркӯҳ ва як сокини дигари шаҳраки Шӯроби Исфара ба ҳалокат расидаанд.
“Хориҷшавии газ дар дохили кон ба вуҷуд омадааст. Аз ин ҳолат ду нафар заҳролуд шуда ба ҳалокат расидаанд” – гуфтанд аз КҲФ.
Аз мақомоти шаҳри Исфара низ гуфтанд, ки пас аз рухдоди ин ҳодисаи мудҳиш ҳоло наҷотдиҳандагон ва идораи сӯхторнишонӣ ҳамроҳи табибон ба маҳалли ҳодиса рафта ба таҳқиқ ва бартарафкунии паёмадҳои он машғуланд.
Ёдовар мешавем, ки ин ҳодисаи нахуст набуда, чунин ҳолат ду сол қабл низ рух дода буд.
Он замон масъулони ҶСК “Ангишт” шарҳ дода буданд, ки “дар вақти ихроҷи газ ҳамаи кормандон бо кумаки қисми наҷотдиҳии кӯҳӣ аз ҷойи ҳодиса берун карда шуданд, вале Тошбоев Абдуманнон Қаюмович, ки 61 сол буд ва сардори ҳавзаи конро ба уҳда дошт наҷот ёфта натавониста ва натиҷаи зиёд заҳролудшавӣ ба ҳалокат расид”.
Кони “Ангишт”-и Шӯроб дар шаҳри Исфара баъд аз “Анзоб”-и ноҳияи Айнӣ дуюмин бузургтарин кони ангишт дар шимоли Тоҷикистон маҳсуб шуда, масолеҳи истихроҷшудаи онҳо умдатан гармхонаи муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустии кишварро бо ин навъ маводи сӯхт таъмин мекунанд.
Ахиран Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ хабар дода буд, ки соли 2022 аз тарафи нозиротҳои ин ниҳод 40 ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 25 нафар ҳалок ва 46 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.