https://sputnik.tj/20231210/harorati-havo-tojikiston-piryakh-1060812525.html
Ҳароратро дар Тоҷикистон поину пиряхҳоро ҳифз мекунанд: Чӣ гуна?
Ҳароратро дар Тоҷикистон поину пиряхҳоро ҳифз мекунанд: Чӣ гуна?
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, давоми даҳсолаҳои охир зиёда аз ҳазор пирях дар ҷумҳурӣ нобуд шудааст, яке аз роҳҳалҳо поин бурдани ҳарорат гуфта шуд
2023-12-10T09:30+0500
2023-12-10T09:30+0500
2023-12-11T11:57+0500
дар тоҷикистон
об
обшавии пиряхҳо
роғун
салқин ва борон
обанбор
нерӯгоҳ
кумитаи ҳифзи муҳити зист
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101421/14/1014211418_0:53:1911:1128_1920x0_80_0_0_030f1b6bf3cd8b7aa29a29c5f05181ee.jpg
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Сохтани обанборҳо ба поин рафтани ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон ва мутаносибан барои ҳифзи пиряхҳо мусоидат мекунад. Ин нуктаро муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, Зарафо Қиёмзода дар посух ба суоли вакили парлумони кишвар, Абдуҳалим Ғаффорзода дар мавриди тадбирҳои ҳифзи пиряхҳо баён дошт. Ба гуфтаи Қиёмзода, пеши роҳи тағйирёбии иқлим гирифтан хеле мушкил аст. Маврид ба зикр аст, ки харобшавии манбаъҳои захираҳои об яке аз нишондиҳандаҳои манфии тағйирёбии иқлим ба шумор меравад.Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки дар ин раванд обшавии босуръати пиряхҳо баръало мушоҳида мешавад.Раҳбари Тоҷикистон афзуд, ки даҳсолаҳои охир шумораи умумии пиряхҳои Тоҷикистон, ки 13 ҳазорро ташкил дода, манбаи 60% обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд, ба андозаи зиёда аз як ҳазор кам гардидааст.Бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ва 21-уми март "Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо" қабул гардида, “Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо” таъсис дода шуд.
https://sputnik.tj/20231123/hukumati-tojikiston-sokhtmoni-roghun-pul-masraf-1060569035.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101421/14/1014211418_0:0:1911:1433_1920x0_80_0_0_32ca45d825f26d0f40bad0bdb19a9eb6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пирях, об, пирях, тоҷикистон, ҳифз, роҳҳал, салқин, ҳарорат
пирях, об, пирях, тоҷикистон, ҳифз, роҳҳал, салқин, ҳарорат
Ҳароратро дар Тоҷикистон поину пиряхҳоро ҳифз мекунанд: Чӣ гуна?
09:30 10.12.2023 (Навсозишуда: 11:57 11.12.2023) Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, давоми даҳсолаҳои охир зиёда аз ҳазор пирях дар ҷумҳурӣ нобуд шудааст, яке аз роҳҳалҳои поин бурдани ҳарорат гуфта шуд
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Сохтани обанборҳо ба поин рафтани ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон ва мутаносибан барои ҳифзи пиряхҳо мусоидат мекунад.
Ин нуктаро муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, Зарафо Қиёмзода дар посух ба суоли вакили парлумони кишвар, Абдуҳалим Ғаффорзода дар мавриди тадбирҳои ҳифзи пиряхҳо баён дошт.
Ба гуфтаи Қиёмзода, пеши роҳи тағйирёбии иқлим гирифтан хеле мушкил аст.
"Танҳо бо шинонидани дарахтон ва сохтани обанборҳо, хусусан НБО "Роғун", ки боиси паст шудани ҳарорат мегардад, метавонем саҳмгузор бошем", - изҳор дошт мақомдор.
Маврид ба зикр аст, ки харобшавии манбаъҳои захираҳои об яке аз нишондиҳандаҳои манфии тағйирёбии иқлим ба шумор меравад.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки дар ин раванд обшавии босуръати пиряхҳо баръало мушоҳида мешавад.
Раҳбари Тоҷикистон афзуд, ки даҳсолаҳои охир шумораи умумии пиряхҳои Тоҷикистон, ки 13 ҳазорро ташкил дода, манбаи 60% обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд, ба андозаи зиёда аз як ҳазор кам гардидааст.
Бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ва 21-уми март "Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо" қабул гардида, “Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо” таъсис дода шуд.