Танбашавӣ дар фурудгоҳи Душанбе – шарҳи мақомот

© Sputnik / Амир ИсаевАэропорт в Душанбе ночью, архивное фото
Аэропорт в Душанбе ночью, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2024
Обуна шудан
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ахиран сабабҳои танбашавии мусофирон дар фурудгоҳи байнулмилалии Душанберо шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Гоҳо мусофирини чандин хатсайр дар як замон аз тайёра пойн ва вориди фурудгоҳ мешаванд.
Дилшод Сафарзода, мудири Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, дар шаҳри ин мавзуъ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ниҳодаш аз ин вазъ хабар дорад ва барои рафъи мушкил талош мекунад.

“Аслан мушкил дар худи ширкатҳост, дар танзими вақти ширкатҳо. Ширкатҳо талош мекунанд, ки фуруди тайёраҳояшон дар фурудгоҳи Душанберо аз шом то саҳар рост кунанд. Масъала рабт мегирад ба ҳарорати муҳаррики тайёраҳо, ки дар ҳавои гарм метафсанд”, - гуфт Дилшод Сафарзода.

Вай афзуд, танбашавии мусофирон дар марз – исти бозрасии фурудгоҳ ба вуҷуд меояд, зеро мардум бояд аз назорати марзбонӣ убур кунанд.
Самолет авиакомпании Utair взлетает в аэропорту Внуково. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2024
Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия 88% бозори Тоҷикистонро ба даст гирифтаанд
“Ба хотири ҳалли масъала Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии авиатсияи гражданӣ тасмим гирифтанд, ки низоми ҷадиди “Смарт Гейт” –ро ба роҳ андозанд, ки мусофирин ба таври электронӣ метавонанд сабти ном шаванд”, - гуфт мудири Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон.
Дилшод Сафарзода афзуд, тибқи низоми “Смарт Гейт” мусофир паспортро аз дастгоҳ мегузаронад ва худ худро сабти ном мекунад.

“Зарурат ба ҳузури физикии корманди марзбонӣ ё фурудгоҳ намемонад. Фақат як муҳр мезананд халос. Мусофир дар навбат наистода, худ раванди сабти номро анҷом медиҳад”, - гуфт ӯ.

Мудири Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон афзуд, ҳоло дар фурудгоҳи Душанбе дастгоҳҳои “Смарт гейт” гузошта шуда, дар марҳалаи санҷишӣ қарор дорад ва бо ин кор вазорати корҳои хориҷӣ машғул аст.
Танбашавӣ дар фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе аксаран замоне иттифоқ меафтад, ки тайёраҳои чанд хатсайр якбора дар фурудгоҳ нишаст анҷом медиҳанд ва мусофирин ҳамагӣ дар исти бозрасии марзбонӣ ҷамъ мешаванд. Аз сӯи дигар, имконияти эҷоди сафҳо дар чанд дарвозаи марзбонӣ вуҷуд надорад, чун толори фурудгоҳ низ бузург нест.
Лентаи хабарҳо
0