Сокинони Душанбе дар ҷашну маросимҳо наздик ба 50 млн сомонӣ масраф карданд

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонОткрытие многоэтажного жилого дома в районе Шохмансур города Душанбе
Открытие многоэтажного жилого дома в районе Шохмансур города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2024
Обуна шудан
Мақомоти Душанбе мегӯяд аз 15395 ҷашну маросими дар ҳудуди пойтахт баргузор гардида, танҳо 6918 адади он мавриди санҷиш ва назорат қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Ахиран дар толори бинои мақомоти шаҳри Душанбе Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти шаҳр баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа хабар дода шуд, ки дар соли 2023 дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон - 6918 санҷиши муштарак дар ноҳияҳо (И.Сомонӣ- 808, Фирдавсӣ- 1401, Сино - 1881, Шоҳмансур - 1376, шуъба - 1452) доир ба ошкор ва пешгирии қонуншиканӣ гузаронида шуд.
Қайд карда шудааст, ки аз тарафи комиссияҳои доимӣ зимни гузаронидани рейдҳо як чанд ҳолатҳо пешгирӣ ва 60 қонунвайронкунӣ (И.Сомонӣ- 7, Фирдавсӣ- 15, Сино - 16, Шоҳмансур - 10 ва шаҳри Душанбе - 12) ошкор карда шуд.
“Нисбати онҳо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба мақомоти дахлдор ирсол карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 маҷмуан 13 адад зиёд мебошад. Аз ин шумора нисбати 54 нафар ҳалномаи суд қабул гардида, ба маблағи наздик ба 375 ҳазор сомонӣҷарима ба буҷаи давлат ворид карда шуда, аз шумораи умумии қонунвайронкуниҳо 6 ҳолати боқимонда дар баррасӣ қарор доранд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Свадьба - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2022
Кумитаи дин: Ҷашну маросим зиёд шуду ҷаримабандӣ ҳам афзуд
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар соли 2023 дар ҳудуди пойтахт маҷмуан 12434 ҷашну маросим (Сино -4045, Фирдавсӣ-3657, Шоҳмансур -3585, И.Сомонӣ-1147) ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2020 маҷмун 5761 адад зиёд мебошад.
“Хароҷоти умумӣ барои баргузории маъракаҳо беш аз 48 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2020 дар маҷмуъ беш аз 22 млн. сомонӣзиёд мебошад”, гуфт манбаъ.
Зикр гардидааст, ки аз 15395 ҷашну маросими дар ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардида, танҳо 6918 адади он мавриди санҷиш ва назорати комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он қарор гирифтанд, ки ҳамагӣ45% санҷишҳоро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0