Рустами Эмомалӣ ба мунтахаби Тоҷикистон 450 ҳазор доллар мукофотпулӣ медиҳад

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонМэр Душанбе и председатель Национального совета (Маджлиси Милли) Таджикистана Рустам Эмомали
Мэр Душанбе и председатель Национального совета (Маджлиси Милли) Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2024
Обуна шудан
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ваъда додааст, ки агар мунтахаби кишвар дар даври 1/4-ниҳоӣ пирӯз гардад, боз 200 ҳазор доллар тақдим хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ, эълон кардааст, ки ба дастаи мунтахаби кишвар, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа бомуваффақият баромад мекунад, мукофотпулӣ медиҳад, дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, баъди баромадан аз гурӯҳ бо фармони Рустам Эмомалӣ ба тими миллии Тоҷикистон 300 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҷудо намудааст.
“Илова бар ин, президенти ФФТ пас аз пирӯзии тими миллии Тоҷикистон дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб (1:1, 5:3 аз рӯйи силсилаи пеналти) ба яккачини Тоҷикистон 150 ҳазор доллари дигар ҷудо намуд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар сурати пирӯзӣ бар тими миллии Урдун дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё, мунтахаби Тоҷикистон 200 ҳазор доллари иловагӣ ба даст хоҳад овард.
Петр Сегрт, главный тренер национальной сборной Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2024
Сегрт шонси тими Тоҷикистон дар сабқат бо АМА-ро арзёбӣ кард
Инчунин президенти ФФТ ваъда додааст, ки дар сурати пирӯзиҳои минбаъда дар Ҷоми Осиё-2023 ба мунтахаби Тоҷикистон мукофотҳои калон тақдим карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби Тоҷикистон барои аввалин бор дар таърихи худ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ҳунарнамоӣ дорад ва бо роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқот аллакай дастоварди шоёнро дар таърихи варзиши кишвар сабт кард.
Дар даври чорякниҳоӣ дастаи Тоҷикистон 2 феврал бо тими миллии Урдун бозӣ мекунад.
Ин дидор дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ баргузор шуда, соати 16:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Лентаи хабарҳо
0