https://sputnik.tj/20240128/segrt-shons-timi-tojikiston-arzyobi-1061438513.html
Сегрт шонси тими Тоҷикистон дар сабқат бо АМА-ро арзёбӣ кард
Сегрт шонси тими Тоҷикистон дар сабқат бо АМА-ро арзёбӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон соли гузашта дар Абу-Даби бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб бозии дӯстона гузаронида, бо ҳисоби 0:0 мусовӣ анҷом дод. Ҳамакнун дар Ҷоми Осиё рӯбарӯянд
2024-01-28T18:00+0500
2024-01-28T18:00+0500
2024-01-29T11:47+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
варзишгар
петр сегрт
вух-и тоҷикистон
ама
тим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0f/1052838729_0:0:1500:844_1920x0_80_0_0_7550eef4b161bb34f39970c32af45f60.jpg
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Имкони тими миллии Тоҷикистон барои пирӯзӣ дар зӯрозмоӣ бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб 50 бар 50 аст. Ин нуктаро сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт қабла аз бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 муқобили тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб баён дошт. Ӯ ин бозиро фурсати пешравӣ хонда, баъди роҳёбӣ ба даври плей-оффи Ҷоми Осиё пешрафти дигар зарур аст, тамоми мардуми Тоҷикистон инро мехоҳад. Дар мавриди бозии оянда таъкид намуд, ягона чизеро, ки кафолат дода метавонад, ин аст, ки бозигарон то ҳадди имкон мубориза мебаранд. Сегрт зикр намуд, ки соли гузашта дар Абу-Даби бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб бозии дӯстона гузаронида шуда, бидуни гол мусовӣ анҷом ёфт. "Ҳоло ба тими миллии АМА сармураббии нав омадааст. Ин бозии хеле ҷолиб хоҳад буд", - илова намуд сармураббии тими Тоҷикистон. Бозӣ бо АМА дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Доҳа соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ ё соати 21:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
https://sputnik.tj/20240128/fft-khostor-tasis-dasta-nav-kasbi-danghara-1061437350.html
ама
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0f/1052838729_25:0:1453:1071_1920x0_80_0_0_359b0ac5100f246b680a93c275b475df.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозӣ, баҳо, сабқат, тим, сегрт, амороти муттаҳидаи араб, абудабӣ
бозӣ, баҳо, сабқат, тим, сегрт, амороти муттаҳидаи араб, абудабӣ
Сегрт шонси тими Тоҷикистон дар сабқат бо АМА-ро арзёбӣ кард
18:00 28.01.2024 (Навсозишуда: 11:47 29.01.2024) Тоҷикистон соли гузашта дар Абу-Даби бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб бозии дӯстона гузаронида, бозиро бо ҳисоби 0:0 мусовӣ анҷом дод. Ҳамакнун дар Ҷоми Осиё рӯбарӯянд
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Имкони тими миллии Тоҷикистон барои пирӯзӣ дар зӯрозмоӣ бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб 50 бар 50 аст.
Ин нуктаро сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт қабла аз бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 муқобили тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб баён дошт.
"Мо то садои ҳуштаки ниҳоӣ мубориза хоҳем бурд. Умедворам, боз як бозии таърихӣ анҷом хоҳем дод", - гуфт Сегрт.
Ӯ ин бозиро фурсати пешравӣ хонда, баъди роҳёбӣ ба даври плей-оффи Ҷоми Осиё пешрафти дигар зарур аст, тамоми мардуми Тоҷикистон инро мехоҳад.
Дар мавриди бозии оянда таъкид намуд, ягона чизеро, ки кафолат дода метавонад, ин аст, ки бозигарон то ҳадди имкон мубориза мебаранд.
Сегрт зикр намуд, ки соли гузашта дар Абу-Даби бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб бозии дӯстона гузаронида шуда, бидуни гол мусовӣ анҷом ёфт.
"Ҳоло ба тими миллии АМА сармураббии нав омадааст. Ин бозии хеле ҷолиб хоҳад буд", - илова намуд сармураббии тими Тоҷикистон.
Бозӣ бо АМА дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Доҳа соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ ё соати 21:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.