БИР ният дорад маблағгузорӣ ба сохтмони НБО "Роғун"-ро бештар намояд

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ТоҷикистонМулоқоти вазири иқтисод бо ҳайати БИР
Мулоқоти вазири иқтисод бо ҳайати БИР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2024
Обуна шудан
Бонки Исломии Рушд (БИР) иттилоъ дод, ки барои лоиҳаи сохтмони НБО "Роғун" 250 млн. доллар ҷудо намуда, барои зиёд намудани ин маблағ корбарӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 31янв — Sputnik. Ахиран вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқи Завқизода бо Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кард.
Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла сармоягузорӣ дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ ва сабз, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, обёрӣ, тандурустӣ ва маориф баррасӣ намуданд.
Иброҳим Шукрӣ иттилоъ дод, ки аз рӯи натиҷаи вохӯрии Президентҳо БИР барои лоиҳаи сохтмони НБО "Роғун" 250 млн. доллар ҷудо намуда, барои зиёд намудани ин маблағ корбарӣ мекунад.
Ҳамзамон бо маблағгузории БИР амалишавии лоиҳаҳои "Дастгирии татбиқи Стратегия миллии рушди соҳаи маориф" ба маблағи 86 млн. доллар, "Сохтмону таҷдиди роҳи мошингарди Гулистон – Фархор – Панҷ – Дустӣ" ба маблағи 41 млн. доллар пешбинӣ шудааст.
Церемония подписания Кредитного соглашения между Таджикистан и Исламским Банком Развития - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2024
Бонки Исломии Рушд барои рушди бахши маориф ба Тоҷикистон қарз медиҳад
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон қайд кардааст, ки то имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи БИР лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 633 млн доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.
Айни ҳол 5 лоиҳаи Гурӯҳи БИР дар ҳаҷми умумии 231 млн доллар мавриди амал қарор дошта ва 4 лоиҳаи дигар ба маблағи 391 млн доллар пешбинӣ шудааcт.
Тарафҳо дар мулоқоти ахир барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0