Афзоиши даромади сохторҳои соҳаи алоқа дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкМужчина со смартфоном в руках
Мужчина со смартфоном в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2024
Обуна шудан
Ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” 7,8 млн нафарро ташкил дода 4,8 млн адади он муштариёни фаъол мебошанд.
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Даромади умумии сохторҳои соҳаи алоқаи барқӣ дар соли 2023 ба маблағи 3,8 млрд сомонӣ расида, нисбат ба соли 2022, (3,5 млрд сомонӣ), 7,8 фоиз зиёд шудааст.
Дар ин бора зимни нишасти Хадамоти алоқаии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Муовини Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев гуфт, ки то ин давра субъектҳои хоҷагидоре, ки барои хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ иҷозатнома доранд, 78 ададро ташкил намуда, бо 225 адад намуди мухталифи иҷозатномаҳои хизматҳои алоқаи барқӣ фаъолият менамоянд.
Вай қайд кард, ки дар умум 1328 адад ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва 156 адад сертификатсияи мутобиқати воситаҳои алоқаи барқӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дода шудааст.
Девушка снимает видео на смартфон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2024
Хадамоти алоқа ба ширкатҳо гуфт, аз тасмимашон гарданд: ба ҳадафҳои президент таъсир дорад
Ҳамчунин соли гузашта ба 2 ширкати алоқаи барқӣ оид ба дастраснамоии мустақими интернети баландсуръат иҷозатнома супорида шуд, ки ин баҳри дастрасии шаҳрвандони Тоҷикистон ба интернет иқдоми саривақтӣ мебошад.
Ҳамзамон Хадамоти алоқа таъкид кардааст, ки шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 4,1 млн. нафарро дар бар гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0