https://sputnik.tj/20240130/sardi-yakhband-hushdor-havoi-noustuvor-tojikiston-1061470562.html
Сардиву яхбандӣ: ҳушдор аз идомаи ҳавои ноустувор дар Тоҷикистон
Сардиву яхбандӣ: ҳушдор аз идомаи ҳавои ноустувор дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
КҲФ аз шаҳрвандлон дархост кардааст, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро маҳдуд кунанд ва аз ҳар гуна сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ варзанд
2024-01-30T10:55+0500
2024-01-30T10:55+0500
2024-01-30T14:31+0500
дар тоҷикистон
кҳф
тарма
агентии ҳавосанҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/13/1032308346_0:0:1001:563_1920x0_80_0_0_c37fa8bb401183166d1d5dbe31311f74.jpg
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид аз 31 январ то 3-4 феврали идома хоҳад кард.Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, бар асари коҳиши ҳарорати шабонаи ҳаво аз 31-январ то 2-уми феврали соли 2024 дар роҳҳои кӯҳӣ яхбандиҳо дар назар аст.Бар асари боришоти зиёд эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу ва Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорианд, вуҷуд дорад.Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандлон дархост кардааст, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро ба ин самт маҳдуд кунанд ва аз ҳар гуна сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ варзанд.Дар ин минтақа ҳамчунин анҷом додани ҳар гуна корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва ғайра маслиҳат намедиҳанд.Сокинони минтақаро лозим меояд ҳангоми гарм кардани хонаҳои худ қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро риоя кунанд.КҲФ ба ронандагон тавсия медиҳад, ки қабл аз сафар аввал аз вазъи роҳ маълумоти дақиқ дарёфт кунанд, пасон ба сафар бароянд ва қоидаҳои ҳаракатро ҷиддӣ риоя намоянд.
https://sputnik.tj/20240127/khf-barf-boron-obkhezi-tojikiston-hushdor-1061415940.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/13/1032308346_124:0:875:563_1920x0_80_0_0_9ab4e6df34814e1dd8d4667033fe0212.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сардӣ яхбандӣ ҳушдор ҳаво ноустувор тоҷикистон
сардӣ яхбандӣ ҳушдор ҳаво ноустувор тоҷикистон
Сардиву яхбандӣ: ҳушдор аз идомаи ҳавои ноустувор дар Тоҷикистон
10:55 30.01.2024 (Навсозишуда: 14:31 30.01.2024) КҲФ аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро маҳдуд кунанд ва аз ҳар гуна сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ варзанд
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид аз 31 январ то 3-4 феврали идома хоҳад кард.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, бар асари коҳиши ҳарорати шабонаи ҳаво аз 31-январ то 2-уми феврали соли 2024 дар роҳҳои кӯҳӣ яхбандиҳо дар назар аст.
Бар асари боришоти зиёд эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу ва Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорианд, вуҷуд дорад.
"Рӯзҳои 30-31 январ дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари лағзиши тарма таҳдид мекунанд",- таъкид.
Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандлон дархост кардааст, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро ба ин самт маҳдуд кунанд ва аз ҳар гуна сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ варзанд.
Дар ин минтақа ҳамчунин анҷом додани ҳар гуна корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва ғайра маслиҳат намедиҳанд.
Сокинони минтақаро лозим меояд ҳангоми гарм кардани хонаҳои худ қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро риоя кунанд.
КҲФ ба ронандагон тавсия медиҳад, ки қабл аз сафар аввал аз вазъи роҳ маълумоти дақиқ дарёфт кунанд, пасон ба сафар бароянд ва қоидаҳои ҳаракатро ҷиддӣ риоя намоянд.