КҲФ аз барфу борон ва обхезӣ дар Тоҷикистон ҳушдор дод

© Foto / Хадамоти матбуоти ширкати IRSЗаснеженная трасса Душанбе-Чанак
Заснеженная трасса Душанбе-Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2024
Обуна шудан
Кумита ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки эҳтиёткор бошанд, зеро боришоти зиёд эҳтимоли рух додани ҳолатҳои фавқулоддаро зиёд мекунад
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми се рӯзи оянда ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо як ҳушдор ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 28-31 дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор дар шакли боришот (борону барф) пешгӯӣ шуд
Аз 28 то 31 январи соли 2024 дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор дар шакли боришоти борону барф пешбинӣ шуда, дар як қатор навоҳӣ ду рӯзи аввал башиддат аст.
"Аз 29 то 30 январи соли равон аз сабаби боришот дар дарёҳо баланд шудани сатҳи оби дарёҳои Яхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, дар назар аст",- афзудааст манбаъ.
Дар робита ба ин Кумита ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки эҳтиёткор бошанд, зеро боришоти зиёд эҳтимоли рух додани ҳолатҳои фавқулоддаро зиёд мекунад.
КҲФ мегӯяд, тайи ин рӯзҳо эҳтимоли афзоиши садамаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳо, махсусан дар доманакуҳҳо ва қитъаҳои кӯҳии роҳҳо, маҳдуд кардани ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо дар натиҷаи эрозияи такяҳои купрукҳо, обхезӣ ва эрозияи шоҳроҳҳо зиёд аст.
Мулоқоти генерал Назарзода бо ҷаноби Довуд Манзур дар ҳошияи нишасти Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2023
Эрон ба Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ кумак хоҳад кард
Ҳамчунин бинобар сабаби боришоту баландшавии сатҳи оби дарёҳо зери об мондани замину роҳҳо ва маҳаллаҳои дар манотиқи хатарнок аз эҳтимол дур нест.
Ин ниҳод ба хотири ҳифзи хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз оқибатҳои обхезӣ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки тамоми ҷӯйборҳо ва захбурҳои дар наздикии манзили зисташон ҷойгиршударо тоза кунанд.
Кумита шаҳрвандонро даъват мекунад, ки қоидаҳои оддии бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ кунанд.
Инчунин аз ронандагон даъват шудааст, ки пеш аз сафар дар бораи ҳалати ро иттилоъ бигиранд ва ҳангоми ҳаракат ба бехатарии нақлиёт ва суръати ҳаракат аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0