Ҳолатҳои марги коргарон дар конҳои Тоҷикистон зиёд шудааст

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкУрановая шахта, архивное фото
Урановая шахта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2024
Обуна шудан
Сабаби асосии ҳодисаҳои нохуш бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо ва беаҳамиятии коргарон ҳангоми кор дар иншооти хатарнок гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 30 янв— Sputnik. Соли 2023 дар иншоотҳои зериназоратии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон 59 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд.
Дар ин бора Раҳим Санъат Асо, сардори ин ниҳод зимни нишасти хабарияш изҳор дошт.
Ӯ гуфт, ки дар пайи ин ҳаводис 36 нафар ҳалок ва 34 тани дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ба гуфтаи номбурда, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар корхонаҳои зерсохтори хадамот дар соли 2023 шумораи ҳодисаҳои нохуш нисбат ба соли қаблияш 19 адад зиёд шуда, шумораи ашхоси фавтида 11 нафар зиёд ва теъдоди ҷароҳатбардоштагон 12 тан кам шудааст
Соли 2022 теъдоди ҳодисаҳои нохуш дар ин бахш 40 ҳолатро ташкил медод, ки дар пайи он 25 тан ҳалок ва 46 фарди дигар захмӣ шуда буданд.
Шахта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2023
Ҳалокати ду сокини Исфара аз ихроҷи газ дар кони “Ангишт”-и Шӯроб
Гуфта мешавад, Хадамоти 328 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии корхонаҳои бақайдгирифташударо барои саҳлангорӣ ва камбудӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ба маблағи умумии қариб 1,6 млн сомонӣ ҷарима кардааст.
Ба таъкиди Раҳим Санъат, ба оилаҳои афроди фавтидаву зарардида аз тарафи корхонаҳо, иттифоқҳои касаба ва шахсони воқеӣ кумакпулӣ беш аз 6,7 млн сомонӣ пардохт карда шуд.
Ин ниҳод мегӯяд, сабаби асосии ин ҳодисаҳои нохуш бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо, беаҳамиятии коргарон ҳангоми кор дар иншооти хатарнок, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, риоя накардани технологияи коркарди кон ва ҳамчунин набуди мутахассисони соҳавӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0