https://sputnik.tj/20240129/emomali-rahmon-sukhangu-nafaqa-firistod-1061464574.html
Эмомалӣ Раҳмон сухангӯяшро ба нафақа фиристод
Эмомалӣ Раҳмон сухангӯяшро ба нафақа фиристод
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари нави Хадамоти матбуоти президент замоне муовини раиси ин ниҳод буд ва дар гузашта низ таҷрибаи сухангӯӣ дар дигар ниҳодҳоро доштааст
2024-01-29T16:48+0500
2024-01-29T16:48+0500
2024-01-29T17:10+0500
сухангӯи президент
эмомалӣ раҳмон
тағйироти кадрӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/1d/1061464993_0:295:2047:1446_1920x0_80_0_0_eb0d47366bf9b52bf67ae604e80de553.jpg
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури амре роҳбари Хадамоти матбуоташ Абдуфаттоҳ Шарифзодаро аз мақомаш озод кард.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.Манбаъ сабаби барканории Шарифзодаро расидан ба синни нафақа гуфтааст.Мавсуф 64 сол дошта, аз 15 декабри соли 2003 Котиби матбуоти президенти Тоҷикистон таъйин шуда буд ва тайи 20 сол дар ин мақом кор кард.Сарвари давлат бо амри дигаре Қосимӣ Заробиддинро роҳбари нави Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон таъйин кардааст. Қосимӣ дар гузашта роҳбарии хабаргузории "Ховар"-ро ба уҳда дошта, солҳои охир ба ҳайси сафир дар Арабистони Саудӣ ва Миср фаъолият доштаст. Сухангӯи нави президент кист?Қосимӣ Заробиддин 4 ноябри соли 1967 таваллуд шуда, хатмкардаи шуъбаи забони арабии факултаи Забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.Фаъолияташро аз муаллимии мактаби ибтидоӣ оғоз карда, ходими хурди илмии пажӯҳишгоҳи Ҳуқуқ ва фалсафаи Шарқи Академияи илмҳо, нозир ва нозири калони Маркази матбуоти ВКД низ будааст.Вай ҳамчунин дар вазифаи сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиа ва котиби матбуотии вазири мудофиаи Тоҷикистон ва машваратчии калони Хадамоти матбуоти президенти ва муовини роҳбари Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар кор кардааст.Солҳои 2015-2016 директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” низ буд.Ҳудуди чаҳор сол сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва аз 31 августи соли 2020 сафири фавқулода ва мухтори ҷумҳурӣ дар Миср буд.Мавсуф оиладор ва падари шаш фарзанд мебошад.
https://sputnik.tj/20240129/mansur-muovin-sarvazir-qodirzoda-kumita-rahmon-tayin-barkanor-1061463976.html
https://sputnik.tj/20240129/taghyirot-kadr-prezident-vazir-farhang-maqom-barkanor-1061452700.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/1d/1061464993_0:103:2047:1638_1920x0_80_0_0_4a6f0a2228615db999176b380bcb9e23.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон сухангӯ нафақа
эмомалӣ раҳмон сухангӯ нафақа
Эмомалӣ Раҳмон сухангӯяшро ба нафақа фиристод
16:48 29.01.2024 (Навсозишуда: 17:10 29.01.2024) Раҳбари нави Хадамоти матбуоти президент замоне муовини раиси ин ниҳод буд ва дар гузашта низ таҷрибаи сухангӯӣ дар дигар ниҳодҳоро доштааст
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури амре роҳбари Хадамоти матбуоташ Абдуфаттоҳ Шарифзодаро аз мақомаш озод кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Манбаъ сабаби барканории Шарифзодаро расидан ба синни нафақа гуфтааст.
Мавсуф 64 сол дошта, аз 15 декабри соли 2003 Котиби матбуоти президенти Тоҷикистон таъйин шуда буд ва тайи 20 сол дар ин мақом кор кард.
Сарвари давлат бо амри дигаре Қосимӣ Заробиддинро роҳбари нави Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон таъйин кардааст.
Қосимӣ дар гузашта роҳбарии хабаргузории "Ховар"-ро ба уҳда дошта, солҳои охир ба ҳайси сафир дар Арабистони Саудӣ ва Миср фаъолият доштаст.
Сухангӯи нави президент кист?
Қосимӣ Заробиддин 4 ноябри соли 1967 таваллуд шуда, хатмкардаи шуъбаи забони арабии факултаи Забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Фаъолияташро аз муаллимии мактаби ибтидоӣ оғоз карда, ходими хурди илмии пажӯҳишгоҳи Ҳуқуқ ва фалсафаи Шарқи Академияи илмҳо, нозир ва нозири калони Маркази матбуоти ВКД низ будааст.
Вай ҳамчунин дар вазифаи сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиа ва котиби матбуотии вазири мудофиаи Тоҷикистон ва машваратчии калони Хадамоти матбуоти президенти ва муовини роҳбари Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар кор кардааст.
Солҳои 2015-2016 директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” низ буд.
Ҳудуди чаҳор сол сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва аз 31 августи соли 2020 сафири фавқулода ва мухтори ҷумҳурӣ дар Миср буд.
Мавсуф оиладор ва падари шаш фарзанд мебошад.