Тағйироти кадрӣ: Президент вазири фарҳанги Тоҷикистонро барканор кард

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонМинистр культуры Таджикистана Зульфия Давлатзода
Министр культуры Таджикистана Зульфия Давлатзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2024
Обуна шудан
Давлатзода ба кори дигар гузаштааст, аммо мақомаш ҳоло дақиқ нашудааст. Ӯ пас аз се соли раҳбарӣ дар ин ниҳод, аз мақомаш рафт
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмоималӣ вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Зулфия Давлатзодаро аз мақомаш барканор кард.
Дар ин бора манобеи Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати фарҳанг хабар доданд.
Тибқи иттилои дастрасшуда Матлубахон Сатториён, вазири нави фарҳанг шудааст, ки то ин замон муовини сарвазир буд.
Давлатзода бошад, ба кори дигар гузаштааст, аммо мақомаш ҳоло дақиқ нашудааст.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар низ то кунун дар бораи ин тағйирот расман хабар надодааст.
Хонум Давлатзода 24 январи соли 2020 ба ин мақом нишаст тайи се сол ин ниҳодро раҳбарӣ кард.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2024
Тағйироти кадрӣ дар Оҷонси назорати маводи нашъаовар, Прокуратураи генералӣ ва ВМКБ

Матлубахон Сатториён, вазири нави фарҳанг кист?

Арбоби давлатӣ ва сиёсии тоҷик 19 сентябри соли 1972 дар Хуҷанд таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи С.М.Киров дар шаҳри мазкур мебошад.
Ӯ ҳамзамон соли 2024 рисолаи номзадияшро дифоъ кардааст.
Солҳои 2008-2011 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд буд. Аз 2011 то 2014 раиси шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) буд ва аз 2 декабри соли 2014 раиси шаҳри Гулистон (то соли 2015 - Қайроққум) таъин гардид.
Моҳи декабри соли 2018 раиси кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб шуд.
Аз 3 ноябри соли 2020 то кунну дар вазифаи муовини сарвазир иҷрои вазифа мекар.
Мавсуф оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0