https://sputnik.tj/20240129/cherevcheko-burd-tojikiston-jom-osiyo-bozi-piruz-1061454325.html
Ситоиши Черевченко ва Сёмин аз бурди Тоҷикистон: дар бозии баъдӣ ҳам пирӯз мешаванд
Ситоиши Черевченко ва Сёмин аз бурди Тоҷикистон: дар бозии баъдӣ ҳам пирӯз мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Мутахассиси шинохтаи тоҷик бо натиҷагирӣ аз бозиҳои ахир боварӣ дорад, ки бозигарони тими миллӣ дар рақобати баъдӣ низ пирӯз хоҳанд шуд
2024-01-29T13:56+0500
2024-01-29T13:56+0500
2024-01-29T14:13+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
игор черевченко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/11/1054258040_0:144:1560:1022_1920x0_80_0_0_f1a729fcf02d589cc14e10aecdf94f7d.jpg
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Пирӯзии футболбозони тоҷик дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё бар АМА шоистаи таҳсин ва як ҷаҳиши муҳим дар рушди футболи тоҷик аст.Дар ин бора мураббии шинохтаи тоҷик ва собиқ бозингари тими миллии Тоҷикистон Игор Черевченко мусоҳиба бо сомонаи "Спорт Эксперсс" изҳор дошт.Ӯ изҳори боварӣ кард, ки Тоҷикистон ба даври минбаъда низ роҳ меёбад, зеро аз бозии имрӯза маълум буд, ки дар баъзе ҳолатҳо тими Тоҷикистон хеле хуб ва ҳатто аз рақиб беҳтар бозӣ кард. "Тавре ки маълум аст, рақиби дигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ғолибони ҷуфти Ироқ — Урдун мебошанд. Тоҷикистон метавонад, ки ин дастаҳоро низ мағлуб созад. Умед дорам, ки дастаи мунтахаби Тоҷикстон то даври нимниҳоии мусобиқоти Осиё роҳхат мегирад", - гуфт Черевченко.Ҳамчунин собиқ сармураббии тими мунтахаби Русия, "Помир"-и Душанбе ва "Локомотив"-и Маскав Юрий Сёмин гуфтааст, ки нахустин бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон муваффақияти бузург аст ва гузаштан аз Чин дар гурӯҳ бисёр арзиш дорад. "Мунтахаби Тоҷикистон нақшаашро хеле хуб ба иҷро кард. Мо фазои як мусобиқаи бузургро эҳсос кардем ва таҷрибаи бебаҳо андӯхтаем”, - қайд кард Сёмин. Вай таъкид кард, ки ба бозигарони даста дастгирии мақомот ва шахсан президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар як лаҳзаи муҳим – пеш аз бозӣ бо Лубнон дастаро насиҳат кард, таъсир гузоштааст. "Ин ҳам як ангезаи бузург аст",- гуфт Сёмин.Маврид ба зикр аст, ки миллипӯшони тоҷик ҳоми 28 январ дар бозии сахту сангин муқобили АМА пирӯз шуда, ба даври 1/4-ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
https://sputnik.tj/20240129/tojikiston-shikast-ama-davri-chahoryaknihoi-jom-osiyo-1061442363.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/11/1054258040_4:0:1557:1165_1920x0_80_0_0_c0cfc46a34dfd7cc88fbb56792beb749.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
черевчеко бурд тоҷикистон ҷоми осиё бозӣ пирӯз
черевчеко бурд тоҷикистон ҷоми осиё бозӣ пирӯз
Ситоиши Черевченко ва Сёмин аз бурди Тоҷикистон: дар бозии баъдӣ ҳам пирӯз мешаванд
13:56 29.01.2024 (Навсозишуда: 14:13 29.01.2024) Мутахассиси шинохтаи тоҷик бо натиҷагирӣ аз бозиҳои ахир боварӣ дорад, ки бозигарони тими миллӣ дар рақобати баъдӣ низ пирӯз хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Пирӯзии футболбозони тоҷик дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё бар АМА шоистаи таҳсин ва як ҷаҳиши муҳим дар рушди футболи тоҷик аст.
Дар ин бора мураббии шинохтаи тоҷик ва собиқ бозингари тими миллии Тоҷикистон Игор Черевченко мусоҳиба бо сомонаи "Спорт Эксперсс" изҳор дошт.
"Онҳо ғалабаи ҳаққонӣ ба даст оварданд, бояд дар вақти асосӣ пурра бозиро бо ғалаба ҷамъбаст менамуданд. Барои тамоми мардуми Тоҷикистон ин иди бузург аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аллакай ба қатори 8 дастаи беҳтарини футболи Осиё дохил гардид. Ин ифтихори бузург аст", - гуфт мурабӣ.
Ӯ изҳори боварӣ кард, ки Тоҷикистон ба даври минбаъда низ роҳ меёбад, зеро аз бозии имрӯза маълум буд, ки дар баъзе ҳолатҳо тими Тоҷикистон хеле хуб ва ҳатто аз рақиб беҳтар бозӣ кард.
"Тавре ки маълум аст, рақиби дигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ғолибони ҷуфти Ироқ — Урдун мебошанд. Тоҷикистон метавонад, ки ин дастаҳоро низ мағлуб созад. Умед дорам, ки дастаи мунтахаби Тоҷикстон то даври нимниҳоии мусобиқоти Осиё роҳхат мегирад", - гуфт Черевченко.
Ҳамчунин собиқ сармураббии тими мунтахаби Русия, "Помир"-и Душанбе ва "Локомотив"-и Маскав Юрий Сёмин гуфтааст, ки нахустин бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон муваффақияти бузург аст ва гузаштан аз Чин дар гурӯҳ бисёр арзиш дорад.
"Мунтахаби Тоҷикистон нақшаашро хеле хуб ба иҷро кард. Мо фазои як мусобиқаи бузургро эҳсос кардем ва таҷрибаи бебаҳо андӯхтаем”, - қайд кард Сёмин.
Вай таъкид кард, ки ба бозигарони даста дастгирии мақомот ва шахсан президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар як лаҳзаи муҳим – пеш аз бозӣ бо Лубнон дастаро насиҳат кард, таъсир гузоштааст.
"Ин ҳам як ангезаи бузург аст",- гуфт Сёмин.
Маврид ба зикр аст, ки миллипӯшони тоҷик ҳоми 28 январ дар бозии сахту сангин муқобили АМА пирӯз шуда, ба даври 1/4-ниҳоӣ роҳ ёфтанд.