https://sputnik.tj/20240129/tojikiston-shikast-ama-davri-chahoryaknihoi-jom-osiyo-1061442363.html
Тоҷикистон бо шикасти ҳангомавии АМА ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё баромад
Тоҷикистон бо шикасти ҳангомавии АМА ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё баромад
Sputnik Тоҷикистон
Бо шарофати маҳорати дарвозабони тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов, ки як голи рақибонро гардонид, пирӯзии таърихӣ таъмин гардид
2024-01-29T09:42+0500
2024-01-29T09:42+0500
2024-01-29T13:02+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон
ҷоми осиё
ама
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/1d/1061453184_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_c64f856f085eb335c723eabb4cb4ef7c.jpg
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Яккачини футболи Тоҷикистон ба даври чаҳорякниҳоии мусобиқоти Ҷоми Осиё роҳ ёфт.Мунтахаби кившар дар даври 1/8-ниҳоии мусобиқот тими Имороти Муттаҳидаи Арабро шикаст дод.Ин дидор шоми 28 январ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Ал-Райяни Доҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 5:3 поён ёфт.Рақобат миёни дастаҳо ниҳоят пуршиддат ва диданӣ доир шуду вақти асосӣ мусовӣ анҷом шуд.Голи нахустинро дар 30-юм дақиқа, ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов зад. Голи ҷавобии иморотиҳоро Халифа Ал-Ҳаммадӣ дар дақоиқи иловагии вақти асосӣ зад.Ҳамин тариқ бозӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом шуд ва доварон барои дақиқ кардани ғолиб вақти иловагӣ ва ё “экстратайм доданд, ки он низ натиҷаи бозиро тағйир надод.Довари бозӣ ниҳоят барои муайян кардани ғолиб силсилаи пеналти таъйин кард.Зарбаҳои ҷониби Тоҷикистонро Аҳтам Назаров, Ваҳдат Ҳанонов, Эҳсони Панҷшанбе, Рустам Соиров ва Алишер Шукуров бемамониат вориди дарвозаи ҳарифон карданд.Бозигарони АМА чаҳор зарба заданд, ки танҳо сетоаш ба ҳадаф расид.Бо шарофати маҳорати дарвозабони тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов, ки як голи рақибонро гардонид, пирӯзӣ таъмин шуд.Ҳамакнун яккачини Тоҷикистон дуввумин даста пас аз Австралия гардид, ки ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфт. Ин барои нахустин бор дар таърихи футболи тоҷик аст.Яккачини Тоҷикистонро дар марҳилаи чаҳорякниҳоии мусобиқа ғолиби ҷуфти Ироқ-Урдун интизор аст, ки рақобати онҳо дуюми феврал сурат мегирад.
https://sputnik.tj/20240128/fft-khostor-tasis-dasta-nav-kasbi-danghara-1061437350.html
ама
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/1d/1061453184_20:0:1237:913_1920x0_80_0_0_32b308ebfe0d6a2beba998c66295b5c1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон шикаст ама ҷоми осиё баромад
тоҷикистон шикаст ама ҷоми осиё баромад
Тоҷикистон бо шикасти ҳангомавии АМА ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё баромад
09:42 29.01.2024 (Навсозишуда: 13:02 29.01.2024) Бо шарофати маҳорати дарвозабони тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов, ки як зарбаи рақибонро гардонид, пирӯзии таърихӣ таъмин гардид
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Яккачини футболи Тоҷикистон ба даври чаҳорякниҳоии мусобиқоти Ҷоми Осиё роҳ ёфт.
Мунтахаби кившар дар даври 1/8-ниҳоии мусобиқот тими Имороти Муттаҳидаи Арабро шикаст дод.
Ин дидор шоми 28 январ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Ал-Райяни Доҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 5:3 поён ёфт.
Рақобат миёни дастаҳо ниҳоят пуршиддат ва диданӣ доир шуду вақти асосӣ мусовӣ анҷом шуд.
Голи нахустинро дар 30-юм дақиқа, ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов зад. Голи ҷавобии иморотиҳоро Халифа Ал-Ҳаммадӣ дар дақоиқи иловагии вақти асосӣ зад.
Ҳамин тариқ бозӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом шуд ва доварон барои дақиқ кардани ғолиб вақти иловагӣ ва ё “экстратайм доданд, ки он низ натиҷаи бозиро тағйир надод.
Довари бозӣ ниҳоят барои муайян кардани ғолиб силсилаи пеналти таъйин кард.
Зарбаҳои ҷониби Тоҷикистонро Аҳтам Назаров, Ваҳдат Ҳанонов, Эҳсони Панҷшанбе, Рустам Соиров ва Алишер Шукуров бемамониат вориди дарвозаи ҳарифон карданд.
Бозигарони АМА чаҳор зарба заданд, ки танҳо сетоаш ба ҳадаф расид.
Бо шарофати маҳорати дарвозабони тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов, ки як голи рақибонро гардонид, пирӯзӣ таъмин шуд.
Ҳамакнун яккачини Тоҷикистон дуввумин даста пас аз Австралия гардид, ки ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфт. Ин барои нахустин бор дар таърихи футболи тоҷик аст.
Яккачини Тоҷикистонро дар марҳилаи чаҳорякниҳоии мусобиқа ғолиби ҷуфти Ироқ-Урдун интизор аст, ки рақобати онҳо дуюми феврал сурат мегирад.