https://sputnik.tj/20240127/tojikiston-soli-550-korkhona-kor-mond-1061418204.html
Дар Тоҷикистон соли 2023 729 корхона сохтанд, аммо 550 адад аз кор мондааст
Дар Тоҷикистон соли 2023 729 корхона сохтанд, аммо 550 адад аз кор мондааст
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Тоҷикистон аз фаъолият мондани корхонаҳоро боиси нигаронӣ хонда, ба масъулин дастур додааст, ки пеши роҳи онро бигиранд
2024-01-27T14:45+0500
2024-01-27T14:45+0500
2024-01-27T15:14+0500
саноат
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/86/1030068661_0:152:2879:1771_1920x0_80_0_0_45c37bbec64261eee47f5c951ade00aa.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Cоли 2023 дар Тоҷикистон 550 корхонаи саноатӣ аз кор бозмондаанд.Бештари чунин корхонаҳо дар вилояти Хатлон буда, шумори онҳо ба 151 адад мерасад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад 132, шаҳри Душанбе 126, вилояти Суғд 123 ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 18 корхонаи саноатӣ умуман фаъолият накардаанд.Дар ин бора президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласае таъкид намуда, гуфт ки агар барои ислоҳи чунин вазъият чораҳои фаврӣ андешида нашаванд, барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар монеаи ҷиддӣ пеш меояд.Ӯ муовини Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор кард, ки ин равандро пешгирӣ кунанд.Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ин давра 729 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст, аммо дар як қатор шаҳру ноҳияҳо иҷрои супоришҳои додашуда оид ба ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ таъмин нагардидааст.Ба ин рӯйхат шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Кӯҳистони Мастчоҳ, Темурмалик, Ҷалолиддини Балхӣ, Тоҷикобод, Нуробод ва Сангвор дохил мешаванд, ки дар он ҷой ягон корхонаи саноатӣ таъсис дода нашудааст.Суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2023-юм бошад, ба гуфтаи сарвари давлат 12% таъмин гардидааст, ки аз нишондиҳандаи мақсаднок 8 банди фоизӣ (20 фоиз) кам аст.Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Дарвоз 43 фоиз, Панҷ 25 фоиз, Бохтар 12, Гулистон 7,4, Сангвор 5,9 ва Роғун 4,5 фоиз коҳиш ёфтааст.Ҳамзамон дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли баъзе молҳои саноатӣ аз ҷумла, ангишт 13%, ҷуроб 32, газвор 4, қолин 10,3, пӯсти коркардшуда 33,5, пойафзол 8,7 ва либоси мактабӣ 5,4% кам гардидааст.Президент аз он нигаронӣ кардааст, ки бинобар иҷро накардани супоришҳояш қисми зиёди маҳсулоти саноатие, ки имконияти истеҳсоли пурраи онҳо дар кишвар вуҷуд дорад, то ҳол аз хориҷи кишвар дар ҳаҷми калон ворид карда мешавад.
https://sputnik.tj/20231226/zararnok-korkhona-tojiksement-dushanbe-faoliyat-qat-1061054985.html
https://sputnik.tj/20231207/buzurgtarin-korkhona-tojikiston-khob-adrasmon-kor-1060783011.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/86/1030068661_158:0:2721:1922_1920x0_80_0_0_5912d3ef8d5c2f4afbeda23bd060f6fe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон корхона саноат
тоҷикистон корхона саноат
Дар Тоҷикистон соли 2023 729 корхона сохтанд, аммо 550 адад аз кор мондааст
14:45 27.01.2024 (Навсозишуда: 15:14 27.01.2024) Кишвардори Тоҷикистон аз фаъолият мондани корхонаҳоро боиси нигаронӣ хонда, ба масъулин дастур додааст, ки пеши роҳи онро бигиранд
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Cоли 2023 дар Тоҷикистон 550 корхонаи саноатӣ аз кор бозмондаанд.
Бештари чунин корхонаҳо дар вилояти Хатлон буда, шумори онҳо ба 151 адад мерасад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад 132, шаҳри Душанбе 126, вилояти Суғд 123 ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 18 корхонаи саноатӣ умуман фаъолият накардаанд.
Дар ин бора президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласае таъкид намуда, гуфт ки агар барои ислоҳи чунин вазъият чораҳои фаврӣ андешида нашаванд, барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар монеаи ҷиддӣ пеш меояд.
Ӯ муовини Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор кард, ки ин равандро пешгирӣ кунанд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ин давра 729 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст, аммо дар як қатор шаҳру ноҳияҳо иҷрои супоришҳои додашуда оид ба ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ таъмин нагардидааст.
Ба ин рӯйхат шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Кӯҳистони Мастчоҳ, Темурмалик, Ҷалолиддини Балхӣ, Тоҷикобод, Нуробод ва Сангвор дохил мешаванд, ки дар он ҷой ягон корхонаи саноатӣ таъсис дода нашудааст.
Суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2023-юм бошад, ба гуфтаи сарвари давлат 12% таъмин гардидааст, ки аз нишондиҳандаи мақсаднок 8 банди фоизӣ (20 фоиз) кам аст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Дарвоз 43 фоиз, Панҷ 25 фоиз, Бохтар 12, Гулистон 7,4, Сангвор 5,9 ва Роғун 4,5 фоиз коҳиш ёфтааст.
Ҳамзамон дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли баъзе молҳои саноатӣ аз ҷумла, ангишт 13%, ҷуроб 32, газвор 4, қолин 10,3, пӯсти коркардшуда 33,5, пойафзол 8,7 ва либоси мактабӣ 5,4% кам гардидааст.
Президент аз он нигаронӣ кардааст, ки бинобар иҷро накардани супоришҳояш қисми зиёди маҳсулоти саноатие, ки имконияти истеҳсоли пурраи онҳо дар кишвар вуҷуд дорад, то ҳол аз хориҷи кишвар дар ҳаҷми калон ворид карда мешавад.