Эрон ба Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ кумак хоҳад кард

© Foto / Хадамоти матбуоти КҲФ-и ТоҷикистонМулоқоти генерал Назарзода бо ҷаноби Довуд Манзур дар ҳошияи нишасти Душанбе
Мулоқоти генерал Назарзода бо ҷаноби Довуд Манзур дар ҳошияи нишасти Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2023
Обуна шудан
Раиси КҲФ Тоҷикистон дар дидор бо ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон як қатор пешниҳодҳоро барои беҳбуди ҳамкориҳои байналмилалӣ ироа кард
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Дар Душанбе масоъили таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва иҷрои тарҳҳои муштараки Тоҷикистону Эрон барои вокуниш ба офатҳои табиӣ баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар дод.
Рустам Назарзода, раиси КҲФ бо ноиби президент ва раиси созмони банақшагирӣ ва буҷети Эрон Довуд Манзур, ки аз Душанбе дидан кардааст, мулоқот кард.
Гуфта мешавад, ки дар ин дидор ҷонибҳо аз ҷумла масоили омӯзиш ва бозомӯзии мутахассисони тоҷикиро баррасӣ кардаанд.
Раиси КҲФ ҳамчунин барои беҳбуди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар заминаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ як қатор пешниҳодҳо ба миён гузошт.
Председатель Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне Рустам Назарзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2023
Назарзода гуфт офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон чӣ қадар зарар расондаанд
Дар навбати худ Манзур саҳми Тоҷикистонро дар мубориза бо ҳолатҳои фавқулодда на танҳо дар дохили кишвар, балки дар минтақа низ баҳои баланд дод.
Дар ин чорабинӣ ҷиҳати мусоидат ба Тоҷикистон дар ташкили давраҳои омӯзишӣ ва ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи огоҳии сокинон аз ҳолатҳои изтирорӣ ҷиҳати коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ тавофуқ ҳосил шуд.
Дар ин мулоқот Рустам Назарзода, раиси КҲФ Тоҷикистон ҳамзамон аз таҳдидҳои иқлим изҳори нигаронӣ кард. Вай таваҷҷуҳро ба обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон ҷалб кард, ки барои тамоми минтақа хатари ҷиддӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0