https://sputnik.tj/20240127/darguzashti-ismoilov-sobiq-raisi-nohiyai-zafarobod-1061421046.html
Даргузашти Исмоилов, собиқ раиси ноҳияи Зафаробод
Даргузашти Исмоилов, собиқ раиси ноҳияи Зафаробод
Sputnik Тоҷикистон
Бисёриҳо ӯро шахси ташаббускор дониста, мегӯянд, ки дар замони роҳбариаш ӯ дар шаклгирии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва обёрии ноҳия саҳми назаррас гузоштааст
2024-01-27T16:10+0500
2024-01-27T16:10+0500
2024-01-27T17:52+0500
дар тоҷикистон
зафаробод
даргузашт
раиси ноҳия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_0:139:2646:1627_1920x0_80_0_0_2b0641ee1c816dbd58b8236d972ccaf3.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв – Sputnik. Собиқ раиси ноҳияи Зафаробод Мирзооқил Исмоилов, дар сини 74 солагӣ даргузашт. Хабари даргузашти ин ходими давлатиро раиси шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар ноҳияи Зафаробод Заҳриддин Рустамов ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард. Бино ба гуфти манбаъ Исмоилов вақтҳои охир аз беморие ранҷ мебурд, вале ахиран ҷон ба Ҳақ супурд. Исмоилов Мирзооқил, 20 уми июни соли 1950 дар деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Соли 1972 баъди хатми Донишкадаи аграрии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиашро ба сифати агроном дар хоҷагии давлатии Комсомоли Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод оғоз намудааст. Солҳои 1984 – 1999 дар вазифаҳои гуногуни бахши кишоварзии ин ноҳия кор кардааст. То соли 2004 панҷ сол раиси ноҳияи Зафаробод буд. Соли 2012 то замони расидан ба нафақа хоҷагии деҳқонии Исмоилиёнро роҳбарӣ мекард. Ин аз камтарин хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Суғд маҳсуб мешавад, ки ба фарқ аз дигар хоҷагиҳо чиниши ҳосили пахта тавассути мошин сурат мегирад. Бисёриҳо аз Исмоилов як нафари ташаббускор ном бурда ва таъкид меварзанд, ки дар замони роҳбариаш таъминоти заминҳо бо оби полезӣ беҳтар ба роҳ монда шудааст. Чанд сол пеш ӯ, аз ҳисоби маблағи шахсияш, ки ҳудуди 1 км роҳи шаҳраки Зафарободро бо харҷи 160 ҳазор сомонӣ мумфарш кардааст.
https://sputnik.tj/20231027/darguzasht-usmonjon-ghafforov-muarrikh-shinokhta-tojik-1060182177.html
зафаробод
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_147:0:2499:1764_1920x0_80_0_0_9cac77bca977d1bc87e920668bef1f4d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт исмоилов собиқ раис зафаробод
даргузашт исмоилов собиқ раис зафаробод
Даргузашти Исмоилов, собиқ раиси ноҳияи Зафаробод
16:10 27.01.2024 (Навсозишуда: 17:52 27.01.2024) Эксклюзив
Бисёриҳо ӯро шахси ташаббускор дониста, мегӯянд, ки дар замони роҳбариаш ӯ дар шаклгирии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва обёрии ноҳия саҳми назаррас гузоштааст
ДУШАНБЕ, 27 янв – Sputnik. Собиқ раиси ноҳияи Зафаробод Мирзооқил Исмоилов, дар сини 74 солагӣ даргузашт.
Хабари даргузашти ин ходими давлатиро раиси шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар ноҳияи Зафаробод Заҳриддин Рустамов ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.
Бино ба гуфти манбаъ Исмоилов вақтҳои охир аз беморие ранҷ мебурд, вале ахиран ҷон ба Ҳақ супурд.
“Умру рӯзашон ҳамин қадар будааст. Исмоилов аз нафароне буданд, ки барои рушду шаклгирии хоҷагиҳои кишоварзӣ саҳми назаррас гузоштаанд, равонашон шод бод” – зикр кард, Рустамов.
Исмоилов Мирзооқил, 20 уми июни соли 1950 дар деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст.
Соли 1972 баъди хатми Донишкадаи аграрии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиашро ба сифати агроном дар хоҷагии давлатии Комсомоли Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод оғоз намудааст.
Солҳои 1984 – 1999 дар вазифаҳои гуногуни бахши кишоварзии ин ноҳия кор кардааст. То соли 2004 панҷ сол раиси ноҳияи Зафаробод буд.
Соли 2012 то замони расидан ба нафақа хоҷагии деҳқонии Исмоилиёнро роҳбарӣ мекард. Ин аз камтарин хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Суғд маҳсуб мешавад, ки ба фарқ аз дигар хоҷагиҳо чиниши ҳосили пахта тавассути мошин сурат мегирад.
Бисёриҳо аз Исмоилов як нафари ташаббускор ном бурда ва таъкид меварзанд, ки дар замони роҳбариаш таъминоти заминҳо бо оби полезӣ беҳтар ба роҳ монда шудааст.
Чанд сол пеш ӯ, аз ҳисоби маблағи шахсияш, ки ҳудуди 1 км роҳи шаҳраки Зафарободро бо харҷи 160 ҳазор сомонӣ мумфарш кардааст.