Даргузашти профессор Усмонҷон Ғаффоров, муаррихи шинохтаи тоҷик

© Хадамоти матбуоти ҳукумати ХуҷандМуаррихи шинохтаи тоҷик, профессор Усмонҷон Ғаффоров
Муаррихи шинохтаи тоҷик, профессор Усмонҷон Ғаффоров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2023
Обуна шудан
Мавсуф аз барҷастатарин олимони таърихи кишвар ва пайравони мактаби аллома Бобоҷон Ғафуров аст. Аз сиёсат ҳам канор намонда, вакили порлумон низ буд
ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Профессор Усмонҷон Ғаффоров, олими тавоно ва муаррихи шинохтаи Тоҷикистон даргузашт.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.

"Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд профессор Усмонҷон Ғаффоров дар синни 78-солагӣ моро тарк намуданд", - навиштааст манбаъ.

Марҳум аз олимони сермаҳсули ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, доир ба таърихи фарҳанги халқи тоҷик, фарзандони арзандаи миллат асарҳову мақолаҳои сершумор офаридааст.
Мавсуф дар давраи фаъолияти илмӣ- педагогӣ ва адабӣ- ҷамъиятии худ 80 китоб, беш аз 1500 адад мақолаҳои публитсистӣ дар матбуоти даврӣ ва 300 адад асарҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва адабӣ дар маҷмӯаҳои илмӣ ва маҷаллаҳои бонуфуз ба нашр расонидааст.
Усмонҷон Ғаффоров 30 январи 1945, деҳаи Қистақӯзи ноҳияи Б. Ғафуров, вилояти собиқ Ленинобод (ҳозира Суғд) ба дунё омадааст.
Вай пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (имрӯза ДМТ) дохил шуда, баъди итмоми он соли 1967 ҳамчун хатмкардаи беҳтарин дар кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДТ ба кор гирифта мешавад.
Ӯ ҳарчанд фаъолияти илмиро дар ДДТ оғоз карда бошад, аммо бештар дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров кор кардааст.
Шоди Шабдолов, собиқ раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2023
Пас аз ду рӯзи зодрӯз, Шодӣ Шабдолов даргузашт
Мавсуф пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ дар бораи таърихи матбуоти тоҷик, солиёни зиёд дар ДДХ дар вазифаҳои мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, декани факултети таърих кор кардааст.
Ғаффоров ҳамчун публитсист ва қаламкаши хушбаён аз соли 1997 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 2001 аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Номбурда дар сиёсат низ худро санҷидааст. Вай солҳои 2002-2005 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси вакилони вилояти Суғд интихоб шуда буд.
Солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Солҳои 2010-2011 референти калони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, аз соли 2011 то ба имрӯз профессори кафедраи Таърихи ватании Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров аст.
Лентаи хабарҳо
0