Русия ба Тоҷикистон озмоишгоҳи микробиологӣ ва хаймаҳои озмоишгоҳи сайёр тақдим кард

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ТоҷикистонОзмоишгоҳи микробиологӣ
Озмоишгоҳи микробиологӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2024
Обуна шудан
Озмоишгоҳи микробиологӣ ва хаймаи озмоишгоҳи сайёр аз ҷониби кормандони сафорати Русия дар Тоҷикистон ба вазорати тандурустӣ тақдим карда шуд
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” маросими тақдими як адад озмоишгоҳи микробиологӣ ва хаймаи озмоишгоҳи сайёр аз ҷониби Русия ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор шуд.
Дар ин маросим муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, намояндагони Сафорати Русия дар Тоҷикистон иштирок доштанд.
​Таъкид шудааст, ки дар дохили нақлиёт ва хаймаи озмоишгоҳи сайёр тамоми асбобу таҷҳизоти озмоишгоҳии муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир маҳайё гардида, онҳо барои пешбурди фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои карантинӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат пешбинӣ гардидаанд.
Что значит продление 50% скидки РЖД на перевозку грузов из Таджикистана - мнение эксперта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2023
Ба Тоҷикистон 50% тахфифи "Роҳи оҳани Русия" дар ҳамлу нақли бор чӣ медиҳад - видео
Тавре зикр гардид, соли 2023 миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия дар самти ҳифзи санитарию эпидемиологии аҳолӣ Созишнома ба имзо расонида ​ шуд.
​Ин кумакҳо низ тибқи банди дуюми созишномаи мазкур барои ҳамкориҳо дар самти пешгирии бемориҳои ниҳоят хавфнок ва ҳифзи санитарии худуди Тоҷикистон ва умуман ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои Муштаракулманофеъ (ИДМ) пешниҳод карда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0