Ба Тоҷикистон 50% тахфифи "Роҳи оҳани Русия" дар ҳамлу нақли бор чӣ медиҳад - видео

Обуна шудан
Нақлиёти роҳи оҳан дар Тоҷикистон чун анъана ба сӯи Русия - Маскав нигаронида шуда буд, ёдовар шуд сардабири маҷаллаи "Иқтисодчӣ"
Чунин ҳамкориро метавон шарикии эҳтимолии байни кишварҳо арзёбӣ кард, ки зарур аст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сардабири маҷаллаи "Иқтисодчӣ" Фаридун Усмонов иброз дошт.
"Ин аз нуқтаи назари Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" хеле муҳим аст. Охир, ин қисмат як ҷузъи собиқ фазои ягонаи алоқаи роҳи оҳан аст. Тоҷикистон бо минтақаҳо аз ҷумла Афғонистон ва Чин роҳ надорад", - гуфт коршинос.
Вай ёдовар шуд, ки маъмулан нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон ба самти Маскав ва Русия нигаронида шудааст.
Ҳамлу нақл тавассути худравҳо дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
"Барои ба таври умум нигоҳ доштани имкони нигоҳдории роҳи оҳани Тоҷикистон муҳим он аст, ки маҳз дар самти Русия интиқоли бор аз ҷиҳати иқтисодӣ бештар имконпазир бошад", - гуфт Усмонов.
Мутаносибан, ин иқдомҳо, яъне тахфиф дар тарифҳо барои нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон як тадбири пуштибонӣ аз онҳост.
Лентаи хабарҳо
0