Бо пора гирифтанд: Боздошти раиси суди ноҳияи Панҷ барои порахӯрӣ

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкНаручники
Наручники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2024
Обуна шудан
Кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон раиси суди ноҳияи Панҷро боздошт намуданд.
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Раиси суди ноҳияи Панҷ барои гирифтани 122 ҳазор сомонӣ дар чанд ҳолат гумонбар дониста мешавад, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж” дар истинод ба раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон.
Ба иттилои манбаъ аз ниҳоди мазкур, боздошти раиси суди ноҳияи Панҷ нисфирӯзии 25-уми январ дар утоқи кориаш ба вуқуъ пайвастааст.
“Ӯро шаб дар боздоштгоҳи раёсати Агентии мазкур нигоҳ дошта, субҳи имрӯз ба шаҳри Душанбе интиқол доданд”, – иттилоъ додааст манбаъ.
Агентӣ кирдорҳои боздоштшударо бо моддаҳои “Гирифтани пора” ва “Сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ”-и Кодекси ҷиноятии ҶТ банду баст ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2023
Президенти Тоҷикистон судяҳо дар Суғдро аз вазифа озод кард
Ёдовар мешавем, ки тибқи қавонини Тоҷикистон ба мансабдорони давлатие, ки аз ҷониби суд дар гирифтани пора гунаҳгор дониста мешаванд, аз 5 то 10 сол, бидуни ҳақи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати аз 3 то 5 сол ва ҷарима ба андозаи аз 547 то 1092 нишондиҳанда ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 6 сол, бидуни ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол, ҷазо муқаррар кардааст.
Бояд қайд кард, ки як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 72 сомониро ташкил медиҳад.
Раиси ҳамакнун собиқи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон соли 2018 ба вазифаи мазкур таъйин шуда буд.
Номбурда то он дам ба ҳайси судя дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кор мекард.
Лентаи хабарҳо
0