https://sputnik.tj/20240125/rahmon-vazir-khorija-qazoqiston-muloqot-tafsilot-1061396363.html
Раҳмон бо вазири корҳои хориҷаи Қазоқистон мулоқот кард: тафсилот
Раҳмон бо вазири корҳои хориҷаи Қазоқистон мулоқот кард: тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Душанбе рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо Қазоқистонро авлавияти тағйирнопазири сиёсати хориҷии Тоҷикистон номид
2024-01-25T12:58+0500
2024-01-25T12:58+0500
2024-01-25T17:15+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
қазоқистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/19/1061396540_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_caa7f0ede4b952c06f12e9e00f715b69.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу мулоқот кард.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар дода, гуфтааст, ки ин дидор дар Қасри миллат сурат гирифт.Гуфта мешавад, ки дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Эмомалӣ Раҳмон рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо Қазоқистонро авлавияти тағйирнопазири сиёсати хориҷии Тоҷикистон номидааст.Вай бо таъкиди натиҷаҳои баланди соли гузашта пуррӯйдод будани равобити дуҷонибаро дар соли равон таъкид карданд.Ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, ба монанди тиҷорат, саноат, энергетика ва бахши агросаноатию сармоягузорӣ, инчунин дар соҳаҳои сайёҳӣ, фарҳанг ва маориф ҷонибдорӣ намуданд.Дар мулоқот ҳамчунин доир ба чорабиниҳои сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба, ки соли равон ба нақша гирифта шудаанд, табодули афкор сурат гирифта, масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.Маврид ба зикр аст, ки Мурат Нуртлеу 24 январ вориди Душанбе шуда, аллакай дар пояи пайкараи Сомонӣ гулчанбар гузошт ва қарор аст, ки бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин низ мулоқот кунад.
https://sputnik.tj/20240124/vaziri-korhoi-khoriji-qazoqiston-voridi-tojikiston-1061389140.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/19/1061396540_51:0:1188:853_1920x0_80_0_0_5fac2205391c13b87d78c4ce41eec912.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон вазир қазоқистон мулоқоти тафсилот
раҳмон вазир қазоқистон мулоқоти тафсилот
Раҳмон бо вазири корҳои хориҷаи Қазоқистон мулоқот кард: тафсилот
12:58 25.01.2024 (Навсозишуда: 17:15 25.01.2024) Душанбе рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо Қазоқистонро авлавияти тағйирнопазири сиёсати хориҷии Тоҷикистон номид
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар дода, гуфтааст, ки ин дидор дар Қасри миллат сурат гирифт.
Гуфта мешавад, ки дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
"Тамоюли тавсеаи устувори шарикии стратегии ду давлат, инчунин ба сатҳи ҳампаймонӣ баровардани онҳо бо қаноатмандӣ таъкид гардид",- афзудааст манба.
Эмомалӣ Раҳмон рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо Қазоқистонро авлавияти тағйирнопазири сиёсати хориҷии Тоҷикистон номидааст.
Вай бо таъкиди натиҷаҳои баланди соли гузашта пуррӯйдод будани равобити дуҷонибаро дар соли равон таъкид карданд.
Ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, ба монанди тиҷорат, саноат, энергетика ва бахши агросаноатию сармоягузорӣ, инчунин дар соҳаҳои сайёҳӣ, фарҳанг ва маориф ҷонибдорӣ намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба чорабиниҳои сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба, ки соли равон ба нақша гирифта шудаанд, табодули афкор сурат гирифта, масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки Мурат Нуртлеу 24 январ вориди Душанбе шуда, аллакай дар пояи пайкараи Сомонӣ гулчанбар гузошт ва қарор аст, ки бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин низ мулоқот кунад.