https://sputnik.tj/20231113/talosh-pinhon-andoz-tojikiston-1060443002.html
Талоши пинҳон кардани қариб 1 млрд сомонӣ пули андоз дар Тоҷикистон
Талоши пинҳон кардани қариб 1 млрд сомонӣ пули андоз дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти андози Тоҷикистон дар пайи санҷишҳо дар давоми нуҳмоҳаи аввали соли равон ҳолатҳои кам ҳисоб кардан ва ё пинҳон намудани андозро ошкор кардаанд
2023-11-13T09:06+0500
2023-11-13T09:06+0500
2023-11-13T09:06+0500
дар тоҷикистон
андоз
иқтисод
қарздиҳӣ
пардохт
пинҳонкунии андоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102578/53/1025785364_0:270:5184:3186_1920x0_80_0_0_f2f26fa74ead7d99232c53947a750142.jpg
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Маъмурини андоз зимни корҳои назоратӣ аз ҳисоби кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо 994 млн сомонӣ ошкор кардаанд. Дар ин бора нашрияи "Садои мардум" аз қавли Кумитаи андози Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки аз ин ҳисоб тайи моҳҳои январ - сентябри соли равон ба буҷет бо назардошти қарзҳои солҳои қаблӣ 872 млн ворид гардид. Маблағи мазкур дар муқоиса бо ҳамина давраи соли гузашта 303 млн сомонӣ зиёд мебошад, афзуд манбаъ. Дар умум ба иттилои мақомоти андоз, бақияи қарзи андозҳо то якуми октябри соли равон 894 млн сомониро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба аввали соли равон зиёда аз 166 млн сомонӣ бештар мебошад. Таъкид шудаст, ки бо мақсади рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пешгирии зиёдшавии он дар ин давра нисбат ба қариб 14 ҳазор андозсупорандаи қарздор қарорҳо дар мавриди маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо қабул шудааст. Қаблан Кумитаи андози Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки дар ҷумҳурӣ асосан андозсупорандаҳои калон нақшаи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷаро иҷро накардаанд.
https://sputnik.tj/20231112/andozsuporanda-buzurg-tojikiston-naqsha-1060439331.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102578/53/1025785364_288:0:4896:3456_1920x0_80_0_0_41f74c30770ce86410fc389c7459e819.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешгирӣ, пинҳонкунӣ, қурб, пул, андоз
пешгирӣ, пинҳонкунӣ, қурб, пул, андоз
Талоши пинҳон кардани қариб 1 млрд сомонӣ пули андоз дар Тоҷикистон
Мақомоти андози Тоҷикистон дар пайи санҷишҳо дар давоми нуҳмоҳаи аввали соли равон ҳолатҳои кам ҳисоб кардан ва ё пинҳон намудани андозро ошкор кардаанд
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Маъмурини андоз зимни корҳои назоратӣ аз ҳисоби кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо 994 млн сомонӣ ошкор кардаанд.
Дар ин бора нашрияи "Садои мардум" аз қавли Кумитаи андози Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки аз ин ҳисоб тайи моҳҳои январ - сентябри соли равон ба буҷет бо назардошти қарзҳои солҳои қаблӣ 872 млн ворид гардид.
Маблағи мазкур дар муқоиса бо ҳамина давраи соли гузашта 303 млн сомонӣ зиёд мебошад, афзуд манбаъ.
Дар умум ба иттилои мақомоти андоз, бақияи қарзи андозҳо то якуми октябри соли равон 894 млн сомониро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба аввали соли равон зиёда аз 166 млн сомонӣ бештар мебошад.
Таъкид шудаст, ки бо мақсади рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пешгирии зиёдшавии он дар ин давра нисбат ба қариб 14 ҳазор андозсупорандаи қарздор қарорҳо дар мавриди маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо қабул шудааст.
Қаблан Кумитаи андози Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки дар ҷумҳурӣ асосан андозсупорандаҳои калон нақшаи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷаро иҷро накардаанд.