https://sputnik.tj/20231213/istgoh-baza-chin-khadamot-aloqa-tojikiston-1060868659.html
Тоҷикистон ба интернети Чин пайваст мешавад
Тоҷикистон ба интернети Чин пайваст мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Миёни Тоҷикистону Чин созишномаи нав ба имзо расид, ки ҷумҳуриро ба интернети баландсуръат дар саросари кишвар наздик мекунад 13.12.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-12-13T09:00+0500
2023-12-13T09:00+0500
2023-12-15T16:16+0500
дар тоҷикистон
хадамоти алоқа
бег сабур
интернет
чин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0d/1060868761_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_779615d985b5edcea5d8f8ae12735203.jpg
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва ширкати “Технологияи Хуавей Тоҷикистон” як меморандум ё ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расонданд. Ин санад аз сӯи Бек Сабур, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Ма Тян, директори генералии ширкати “Технологияи Хуавей Тоҷикистон” имзо шуд. Бино ба иттилое, ки дафтари матбуоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, ҳуҷҷати мазкур ҳамкориҳои фарохи дуҷонибаро дар заминаи технологияи рақамӣ, телекоммуникатсия, алоқа ва технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ фаро мегирад.“Ин санад ба рушди шабакаҳо ва системаи алоқаи барқӣ, махсусан, шабакаҳои алоқаи мобилӣ ва шабакаҳои собит фарохмавҷро дар Тоҷикистон, мусоидати фаъол хоҳад намуд. Ҳамзамон, дар шароити рушди зудҳангоми технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, имкон медиҳад, ки операторони мобилӣ ба таҷҳизоти навтарин соҳаи алоқа дастрасии фаврӣ дошта бошанд”, - гуфт манбаъ.Бино ба иттилоъи манбаъ, дар доираи муқаррароти ин Меморандум ҳамкорӣ ва ҷалби мутахассисони Хадамоти алоқа, операторони мобилӣ ва мутахассисони ҶДММ “Технологияи Хуавей Тоҷикистон” дар таҳияи лоиҳаи ягона оид ба навсозӣ дар назар дошта шудааст."Аз ҷумла рушд ва таъмини 7600 истгоҳи базавӣ ва ҷузъҳои онҳо бо стандарти GSM/UMS/LTD/5G барои шабакаҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Мубодила ва сафарҳои муштараки тадқиқотӣ барои омӯзиши объектҳо аз ҷумлаи муқаррароти дигари ин санад ба ҳисоб меравад”, - гуфт манбаъ. Манбаъ ҳамзамон афзуд, меморандум ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни операторони мобилии Тоҷикистон ва ширкати “Технологияи Хуавей Тоҷикистон”-ро таҳким бахшида, мақсади асосии он амалӣ кардани Нақшаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба навсозӣ ва рушди шабакаҳои алоқаи мобилӣ дар давраи солҳои 2024 2028 мебошад.
https://sputnik.tj/20231122/aloqai-mobili-standar-hudud-tojikiston-farogir-1060565751.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0d/1060868761_9:0:1162:865_1920x0_80_0_0_b5b8671754c428e9ae0dedde5dcf01d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин хадамоти алоқа тоҷикистон
чин хадамоти алоқа тоҷикистон
Тоҷикистон ба интернети Чин пайваст мешавад
09:00 13.12.2023 (Навсозишуда: 16:16 15.12.2023) Миёни Тоҷикистону Чин созишномаи нав ба имзо расид, ки ҷумҳуриро ба интернети баландсуръат дар саросари кишвар наздик мекунад
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва ширкати “Технологияи Хуавей Тоҷикистон” як меморандум ё ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расонданд.
Ин санад аз сӯи Бек Сабур, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Ма Тян, директори генералии ширкати “Технологияи Хуавей Тоҷикистон” имзо шуд.
Бино ба иттилое, ки дафтари матбуоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, ҳуҷҷати мазкур ҳамкориҳои фарохи дуҷонибаро дар заминаи технологияи рақамӣ, телекоммуникатсия, алоқа ва технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ фаро мегирад.
“Ин санад ба рушди шабакаҳо ва системаи алоқаи барқӣ, махсусан, шабакаҳои алоқаи мобилӣ ва шабакаҳои собит фарохмавҷро дар Тоҷикистон, мусоидати фаъол хоҳад намуд. Ҳамзамон, дар шароити рушди зудҳангоми технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, имкон медиҳад, ки операторони мобилӣ ба таҷҳизоти навтарин соҳаи алоқа дастрасии фаврӣ дошта бошанд”, - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилоъи манбаъ, дар доираи муқаррароти ин Меморандум ҳамкорӣ ва ҷалби мутахассисони Хадамоти алоқа, операторони мобилӣ ва мутахассисони ҶДММ “Технологияи Хуавей Тоҷикистон” дар таҳияи лоиҳаи ягона оид ба навсозӣ дар назар дошта шудааст.
"Аз ҷумла рушд ва таъмини 7600 истгоҳи базавӣ ва ҷузъҳои онҳо бо стандарти GSM/UMS/LTD/5G барои шабакаҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Мубодила ва сафарҳои муштараки тадқиқотӣ барои омӯзиши объектҳо аз ҷумлаи муқаррароти дигари ин санад ба ҳисоб меравад”, - гуфт манбаъ.
Манбаъ ҳамзамон афзуд, меморандум ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни операторони мобилии Тоҷикистон ва ширкати “Технологияи Хуавей Тоҷикистон”-ро таҳким бахшида, мақсади асосии он амалӣ кардани Нақшаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба навсозӣ ва рушди шабакаҳои алоқаи мобилӣ дар давраи солҳои 2024 2028 мебошад.