Лубнон ба Исроил ҳушдор дод, ки ҷанг барояш осон нахоҳад буд

© AP / Hassan AmmarЖурналист снимает патрулирование миротворцев ООН на ливанской стороне ливано-израильской границы в южной деревне Марвахин, Ливан
Журналист снимает патрулирование миротворцев ООН на ливанской стороне ливано-израильской границы в южной деревне Марвахин, Ливан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2024
Обуна шудан
Дабири кулли СММ аз эҳтимоли ташдиди авзоъ дар марзи Исроил бо Лубнон изҳори нигаронӣ кард ва ҳушдор дод, ки муноқиша таҳдид барои Ховари Миёна мебошад
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Лубнон Исроилро ҳушдор медиҳад, ки агар дар байни ин кишварҳо ҷанг сар занад, он барои давлати яҳудиён осон нахоҳад буд.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Лубнон Абдулло Бу Ҳабиб изҳор доштааст.
"Ман умедворам, ки онҳо мефаҳманд, ки ҷанг барояшон саёҳат нахоҳад буд",- гуфт вазири лубнонӣ дар ҳошияи иҷлоси СММ ба хабарнигорон.
Ӯ ҳамчунин хостори қатъи амалиёти ҷангӣ дар навори Ғазза шуд.
"Ҷанг дар Ғазза бояд хотима ёбад. Бас аст", - афзуд ӯ.
Вазъ дар ҷануби Лубнон пас аз оғози амалиёти низомӣ дар навори Ғазза дар моҳи октябри соли 2023 бадтар шуд. Артиши Исроил ва ҷангиёни "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ҳамарӯза ба мавқеъҳои ҳамдигар дар манотиқи марзӣ зарба мезананд.
Дар ҳамин ҳол Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар дидор бо Абдуллоҳ Бу Ҳабиб, вазири умури хориҷаи Лубнон дар бораи қобили қабул набудани ҷалби Лубнон дар низои Фаластин ва Исроил гуфтааст.
"Дар ҷараёни сӯҳбат Лавров ғайри қобили қабул будани ташдиди низои Фаластину Исроил ва ҷалби кишварҳои дигари минтақа, бахусус Лубнон ба онро таъкид кард", — омадааст дар хабарнома.
Дым, поднимающийся над зданиями во время израильского удара незадолго до начала четырехдневного перемирия в боях между Израилем и ХАМАС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2023
Аббос гуфт, масъулияти ҳодисаҳои Ғазза бар души ИМА аст
Вазорати хориҷаи Русия таъкид кард, ки дар ин нишаст вазирон "муҳимияти талошҳои дастаҷамъона барои оташбаси фаврӣ дар Ғазза ва ҳалли мушкилоти шадиди башардӯстона"-ро қайд карданд.
Ҳамзамон дабири кулли СММ Антонио Гутерриш аз эҳтимоли ташдиди авзоъ дар марзи Исроил бо Лубнон изҳори нигаронӣ кард ва ҳушдор дод, ки муноқишаи Исроилу Лубнон метавонад ба сулҳу суботи тамоми минтақаи Ховари Миёна таҳдид кунад.
"Вазифаи ман аст, ки ин паёми оддӣ ва мустақимро ба ҳама ҷонибҳо расонам: бозӣ бо оташро дар "хати кабуд" бас кунед, шиддатро коҳиш диҳед ва амалиёти ҷангиро бас кунед",- гуфт ӯ.
"Мо наметавонем дар Лубнон иҷоза диҳем, ки он чизеро, ки дар Ғазза мебинем. Ҳамчунин наметавонем иҷоза диҳем, ки он чи дар навори Ғазза рух медиҳад, идома ёбад", - таъкид кард Гутерриш.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин хостори “оташбаси фаврии башардӯстона” дар навори Ғазза шуд, то иҷозаи интиқоли кумак ба ин анклав ва “ба раҳоии гаравгонҳо мусоидат кунад”.
Лентаи хабарҳо
0