Ҳинд ният дорад, ки бо ИИАО бахши саноатро рушд диҳад

© Foto / Захоири аксии Оҷонсии Риа-Новости / Гузариш ба медиабонкЕАЭС 2023. Работа форума
ЕАЭС 2023. Работа форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2024
Обуна шудан
Ҳиндустон яке аз шарикони стратегии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Осиёи Ҷанубӣ мебошад, гуфт муовини директори департаменти сиёсати саноатии созмон
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ҳиндустон ба рушди ҳамкориҳои саноатӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) манфиатдор аст.
Ҳайати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё таҳти роҳбарии муовини директори департаменти сиёсати саноатӣ Николай Рогожник дар намоишгоҳ ва конфронси байналмилалии технологияҳо ва инфрасохтори Smart Cities India Expo дар Деҳлӣ ширкат кард.
Зимнан зикр гардид, ки Ҳиндустон яке аз шарикони стратегии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Осиёи Ҷанубӣ мебошад.
"Ҳиндустон яке аз шарикони стратегии ИИАО дар Осиёи Ҷанубӣ аст. Мо имкони рушди ҳамкориҳоро дар бахшҳои мошинҳои барқӣ, энергияи таҷдидшаванда, металлургия, дорусозӣ, саноати кимиё дорем", - гуфт Рогожник.
Намояндагони КИАО дар бораи принсипҳои асосии ҳамгироии авруосиёӣ дар бахши саноат суханронӣ намуда, бо иштирокчиёни чорабинӣ таҷриба ва пешрафтҳои рушди истеҳсоли мошинҳои барқӣ, ҷузъҳои онҳо ва инфрасохтори пуркунандаи барқро баррасӣ карданд.
Евразийский экономический форум в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2024
ММД-трилиондоллара: ИИАО дар чор сол чӣ натиҷаҳоро ба даст овард?
Гуфта мешавад, ки миёни солҳои 2020-2023 маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИИАО 4,1% афзуда, ба 2,2 триллион доллар расид.
Истеҳсоли маҳсулоти саноат 8,3%, аз ҷумла дар саноати маҳсулоттайёркунӣ 5,7% афзуд.
Истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ 11,8% афзуд. Тибқи маълумоти расмӣ, ҳаҷми савдои мутақобилаи кишварҳои узви созмон 1,5 баробар афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0