https://sputnik.tj/20240123/zilzila-shadid-qazoqiston-zakhmiyon-hastand-1061365384.html
Зилзилаҳои шадид дар Қазоқистон: захмиён низ ҳастанд
Зилзилаҳои шадид дар Қазоқистон: захмиён низ ҳастанд
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи иттилои охирини мақомоти Қазоқистон то кунун 44 нафар барои дарёфти кумаки тиббӣ муроҷиат кардаанд, аз харобаҳо ҳоло гузорише нест
2024-01-23T10:45+0500
2024-01-23T10:45+0500
2024-01-23T17:01+0500
қазоқистон
зилзила
осиёи марказӣ
алмаато
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102439/83/1024398311_0:40:3000:1728_1920x0_80_0_0_4399650247127e7207166c991d00399c.jpg
ДУШАНБЕ, 23 янв - Sputnik. Заминларзаҳое, ки дар Қазоқистон шаби 23 январ сар зад, ҳамоно идома дорад.Сокинони Алмато заминларзаро бо шиддати 2 дараҷа эҳсос карданд, маркази зилзила бо шиддати 5,3 дараҷа дар марзи Қирғизистону Чин воқеъ буд, хабар медиҳад, Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон.Маврид ба зикр аст, ки оғози ларзишҳо шаби 22 ба 23 январ сар зад, ки маркази он марзи Қазоқистону Қирғизистон гуфта мешавад.Бино ба нишондоди зилзиласанҷон, шиддати он дар марказ 6,7 дараҷа будааст.Онро бештар аз ҳама аҳолии Алмаато, ки дар 264-километрии ҷанубу шарқи маркази зилзила қарор доштанд, бештар ҳис карданд.Сокинони пойтахти собиқи Қазоқистон заминларзаро бо шиддати 5 балл эҳсос карданд. Тавре дар наворҳое, ки дар интернет паҳн шуд, дида мешавад, сокинон дар пайи зилзила бо воҳима хонаҳояшонро тарк мекунанд.Гуфта мешавад, ки бархе шабро дар кӯча, нуқтаҳои умумӣ ва хонаҳои берун аз шаҳр гузаронидаанд.Зилзиларо дар Бишкек ва Тошканд низ эҳсос карданд.Заминларза Тоҷикистонро такон дод: шарҳи КҲФТибқи иттилои охирини мақомоти Қазоқистон то кунун 44 нафар барои дарёфти кумаки тиббӣ муроҷиат кардаанд."Онҳо бо нишондодҳои гуногун ба беморхонаҳои шаҳр интиқол дода шуданд. Аз ин шумора 34 нафар калонсолон буда, 3 нафарашон дар беморхона бистарӣ гардида, 31 нафар ба муолиҷаи амбулаторӣ фиристода шуданд", - навиштааст хадамоти матбуоти кишвардори Қазоқистон.Дар бораи харобаҳо ҳоло иттлое дода нашудааст ва президенти Қазоқистон низ қасд дорад, фардо ба пойтахти собиқ биравад.
қазоқистон
алмаато
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102439/83/1024398311_123:0:2747:1968_1920x0_80_0_0_b8c6116df5b325602d05801164c0d578.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зилзилаҳо шадид қазоқистон захмиён ҳастанд
зилзилаҳо шадид қазоқистон захмиён ҳастанд
Зилзилаҳои шадид дар Қазоқистон: захмиён низ ҳастанд
10:45 23.01.2024 (Навсозишуда: 17:01 23.01.2024) Тибқи иттилои охирини мақомоти Қазоқистон то кунун 44 нафар барои дарёфти кумаки тиббӣ муроҷиат кардаанд, аз хисорот ҳоло гузорише нест
ДУШАНБЕ, 23 янв - Sputnik. Заминларзаҳое, ки дар Қазоқистон шаби 23 январ сар зад, ҳамоно идома дорад.
Сокинони Алмато заминларзаро бо шиддати 2 дараҷа эҳсос карданд, маркази зилзила бо шиддати 5,3 дараҷа дар марзи Қирғизистону Чин воқеъ буд, хабар медиҳад, Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон.
Маврид ба зикр аст, ки оғози ларзишҳо шаби 22 ба 23 январ сар зад, ки маркази он марзи Қазоқистону Қирғизистон гуфта мешавад.
Бино ба нишондоди зилзиласанҷон, шиддати он дар марказ 6,7 дараҷа будааст.
Онро бештар аз ҳама аҳолии Алмаато, ки дар 264-километрии ҷанубу шарқи маркази зилзила қарор доштанд, бештар ҳис карданд.
Сокинони пойтахти собиқи Қазоқистон заминларзаро бо шиддати 5 балл эҳсос карданд.
Тавре дар наворҳое, ки дар интернет паҳн шуд, дида мешавад, сокинон дар пайи зилзила бо воҳима хонаҳояшонро тарк мекунанд.
Гуфта мешавад, ки бархе шабро дар кӯча, нуқтаҳои умумӣ ва хонаҳои берун аз шаҳр гузаронидаанд.
Зилзиларо дар Бишкек ва Тошканд низ эҳсос карданд.
Тибқи иттилои охирини мақомоти Қазоқистон то кунун 44 нафар барои дарёфти кумаки тиббӣ муроҷиат кардаанд.
"Онҳо бо нишондодҳои гуногун ба беморхонаҳои шаҳр интиқол дода шуданд. Аз ин шумора 34 нафар калонсолон буда, 3 нафарашон дар беморхона бистарӣ гардида, 31 нафар ба муолиҷаи амбулаторӣ фиристода шуданд", - навиштааст хадамоти матбуоти кишвардори Қазоқистон.
Дар бораи харобаҳо ҳоло иттлое дода нашудааст ва президенти Қазоқистон низ қасд дорад, фардо ба пойтахти собиқ биравад.