https://sputnik.tj/20240123/boloravii-arzishi-barq-boisi-jahishi-narkhi-angishtu-hezum-shudaast---video-1061370968.html
Болоравии арзиши барқ боиси ҷаҳиши нархи ангишту ҳезум шудааст - видео
Болоравии арзиши барқ боиси ҷаҳиши нархи ангишту ҳезум шудааст - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар шимоли Тоҷикистон сокинон аз он шикоят доранд, ки маводи сӯхти серталаб дар муқоиса ба соли гузашта боз гаронтар шудааст
2024-01-23T18:35+0500
2024-01-23T18:35+0500
2024-01-23T18:41+0500
суғд
видео
дар тоҷикистон
барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/17/1061370783_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_8218328cf579c013fe3e97606ab21287.jpg
Сокинони навоҳии Суғд мегуянд, баланд шудани нархи барқ дар миёнаи зимистони имсол боиси гаронтар шудани қимати ангишу ҳезум шудаастБа далели мушкили интиқоли барқ ва гази табиӣ ангишту ҳезуму таппак маводи аслии сӯхт дар фасли зимистон ба ҳисоб меравад, ки сокинон барои гарм нигоҳ доштани хонаҳо аз он истифода мекунанд. Сокинони шаҳру навоҳии Суғд дар суҳбат ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, гуфтанд, ки зимистони имсол ҳарчанд гарм аст, аммо нархи ангишту ҳезум дар муқоиса ба соли гузашта гаронтар шуд. Рафоат Алиҷонова, сокини шаҳри Хуҷанд мегуянд, нархи як мошин (портер) ангиштро бар ивази 1300 сомонӣ харидааст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта бо 1000 сомонӣ харидан имкон дошт. Дар ҳамин ҳол Неъматҷон Бобоҷонов ҳезумфурӯш, сокини шаҳри Бӯстон баландшавии қимати маводи сӯхти серталабро таъйид кард.“Дар муқоиса ба соли гузашта нархи мошини ҳезум 5 ё 10 % фарқ мекунад. Аз сабаби он, ки нархи сӯзишвории автомобил (солярка) қимат шуд” – гуфт, ҳезумфурӯш. Дар Тоҷикистон сар аз 1 уми январи соли ҷорӣ нархи неруи барқ боло рафта, минбаъд аҳолӣ барои ҳар кВ соат муваззафанд, ки 30, 75 дирам пардохт кунанд. Дар соли 2023 барои ҳар киловат барқ кам ё беш аз 27 дирам пардохт мешуд. “Барқи ройгон” ихтироъи як муҳандиси нафақахур дар Хуҷанд – видеоБаъзе аз сокинон яке аз сабабҳои баландшавии нархи маводи сӯхт аз таъсири болоравии нархи нерӯи барқ медонанд, зеро бештари сокинон барои сарфа намудани барқ дар хонаҳояшон аз ангишту ҳезум истифода мекунанд ва талаботи бештар ба мол боиси гарони он мегардад. Ба гуфтаи онҳо, бо вуҷуди он, ки зимистон аст, ҳамоно маҳдудияти барқрасонӣ ҷорӣ буда, шабона аз соати 22:00 то 05:00 субҳ ва рӯзона аз соати 09:00 то соати 15: 00 интиқоли барқ қатъ мешавад.
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/17/1061370783_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_9e64c26d8d93fe0e3235a5b788f94d03.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
болоравӣ арзиш барқ ҷаҳиши нарх ангишт ҳезум видео
болоравӣ арзиш барқ ҷаҳиши нарх ангишт ҳезум видео
Болоравии арзиши барқ боиси ҷаҳиши нархи ангишту ҳезум шудааст - видео
18:35 23.01.2024 (Навсозишуда: 18:41 23.01.2024) Дар шимоли Тоҷикистон сокинон аз он шикоят доранд, ки маводи сӯхти серталаб дар муқоиса ба соли гузашта боз гаронтар шудааст
Сокинони навоҳии Суғд мегуянд, баланд шудани нархи барқ дар миёнаи зимистони имсол боиси гаронтар шудани қимати ангишу ҳезум шудааст
Ба далели мушкили интиқоли барқ ва гази табиӣ ангишту ҳезуму таппак маводи аслии сӯхт дар фасли зимистон ба ҳисоб меравад, ки сокинон барои гарм нигоҳ доштани хонаҳо аз он истифода мекунанд.
Сокинони шаҳру навоҳии Суғд дар суҳбат ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, гуфтанд, ки зимистони имсол ҳарчанд гарм аст, аммо нархи ангишту ҳезум дар муқоиса ба соли гузашта гаронтар шуд.
Рафоат Алиҷонова, сокини шаҳри Хуҷанд мегуянд, нархи як мошин (портер) ангиштро бар ивази 1300 сомонӣ харидааст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта бо 1000 сомонӣ харидан имкон дошт.
“Нархи ангишт ҳам боло рафтааст, 1 килояш 3, 3 - 3, 5 сомонист. Дар зимистон нархи навои ҳама чиз дар бозор баланд шудааст”, - зикр кард, сокини шаҳри Хуҷанд.
Дар ҳамин ҳол Неъматҷон Бобоҷонов ҳезумфурӯш, сокини шаҳри Бӯстон баландшавии қимати маводи сӯхти серталабро таъйид кард.
“Дар муқоиса ба соли гузашта нархи мошини ҳезум 5 ё 10 % фарқ мекунад. Аз сабаби он, ки нархи сӯзишвории автомобил (солярка) қимат шуд” – гуфт, ҳезумфурӯш.
Дар Тоҷикистон сар аз 1 уми январи соли ҷорӣ нархи неруи барқ боло рафта, минбаъд аҳолӣ барои ҳар кВ соат муваззафанд, ки 30, 75 дирам пардохт кунанд. Дар соли 2023 барои ҳар киловат барқ кам ё беш аз 27 дирам пардохт мешуд.
Баъзе аз сокинон яке аз сабабҳои баландшавии нархи маводи сӯхт аз таъсири болоравии нархи нерӯи барқ медонанд, зеро бештари сокинон барои сарфа намудани барқ дар хонаҳояшон аз ангишту ҳезум истифода мекунанд ва талаботи бештар ба мол боиси гарони он мегардад.
Ба гуфтаи онҳо, бо вуҷуди он, ки зимистон аст, ҳамоно маҳдудияти барқрасонӣ ҷорӣ буда, шабона аз соати 22:00 то 05:00 субҳ ва рӯзона аз соати 09:00 то соати 15: 00 интиқоли барқ қатъ мешавад.