https://sputnik.tj/20240119/barqi-roygon-ikhtiroi-muhandis-nafaqakhur-khujand-1061334400.html
“Барқи ройгон” ихтироъи як муҳандиси нафақахур дар Хуҷанд – видео
“Барқи ройгон” ихтироъи як муҳандиси нафақахур дар Хуҷанд – видео
Sputnik Тоҷикистон
Мушкили бебарқӣ, ки дар фасли зимистон сокинони деҳотҳо аз он ранҷ мебаранд, як муҳандис аз Хуҷандро ба сохтани дастгоҳи барқдиҳанда водор намудааст
2024-01-19T18:52+0500
2024-01-19T18:52+0500
2024-01-19T19:00+0500
видео
хуҷанд
суғд
муҳандис
барқ
бебарқӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/13/1061334204_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_1878602e4aef4b6242b3686db96d89b6.jpg
Нуъмон Ҳасанов, сокини шаҳри Хуҷанд дастгоҳи наве ихтироъ карда онро “барқи ройгон” ном гузошта ва азм дорад, ки барои дар амал тадбиқ намудани ин кораш патент гирад.Ин муҳандиси нафақахур дар бораи таҷҳизоти сохтаи худ ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон маълумот дод.Асбоби сохташуда аз ҳисоби муҳаррики автомобил барқи изофиро захира намуда, қодир аст то 8 соат лампаи хонаҳо ва васоили техникии лозим ба рӯзгорро бо барқи 220 В таъмин намояд.Рӯзу шом 16 соат: мушкили бебарқӣ дар навоҳии СуғдҲасанов гуфт, барои истеҳсоли қувваи барқ ба ин тарз маблағ ва ё чизи дигар харҷ намешавад, балки аз ҳисоби ҳаракати автомобил барқ захира мегардад ва аз ҳамин лиҳоз таҷҳизоти ихтироънамудаашро “барқи ройгон” номгузорӣ кардааст.“Барои ин корро самаранок истифода намудан танҳо лозим аст, ки дар бағоҷи мошин аккумлятори дуюм гузошта шавад. Ҳангоми ҳаракат намудани автомобил қувваи барқи изофӣ аз генератор ба аккумлятори дуюм захира гардида ва он тавассути дастгоҳи дигар аз 12 ба 220 В табдил дода мешавад, ки ба таври фаровон истифода намудани барқро имконпазир мегардонад” – афзуд, муҳандис.Дар ҳоли пур шудани дастгоҳ он қодир аст то 7 - 8 соат лампаҳо ноутбуку телефон, радио ва дигар воситаҳои техникиро рушан гардонад.Чархаи 2 -и НБО “Қайроққум” ба кор медарояд: ҳаҷми тавлиди барқ зиёд мешавад?Ин муаллиф мегуяд, дар ҳоле ба ин ихтироъ даст задааст, ки солҳост ба ин тараф дар деҳоти кишвар бебарқӣ мукили аз ҳама умда ба ҳисоб меравад.Дар Тоҷикистон сар аз 1 уми январи соли ҷорӣ нархи неруи барқ боло рафта, минбаъд аҳолӣ барои ҳар киловат соат нерӯи барқи истифода шуда муваззафанд, ки 30, 75 дирам пардохт кунанд. Дар соли 2023 барои ҳар киловат барқ кам ё беш аз 27 дирам пардохт мешуд.
хуҷанд
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/13/1061334204_320:0:1280:720_1920x0_80_0_0_66cee3814ff8783ea45aa536cdd58513.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бебарқӣ, видео, муҳандис, ихтироъ, дастгоҳ, барқи ройгон, хқҷанд, суғд
бебарқӣ, видео, муҳандис, ихтироъ, дастгоҳ, барқи ройгон, хқҷанд, суғд
“Барқи ройгон” ихтироъи як муҳандиси нафақахур дар Хуҷанд – видео
18:52 19.01.2024 (Навсозишуда: 19:00 19.01.2024) Мушкили бебарқӣ, ки дар фасли зимистон сокинони деҳот аз он ранҷ мебаранд, як муҳандис аз Хуҷандро ба сохтани дастгоҳи барқдиҳанда водор намудааст
Нуъмон Ҳасанов, сокини шаҳри Хуҷанд дастгоҳи наве ихтироъ карда онро “барқи ройгон” ном гузошта ва азм дорад, ки барои дар амал тадбиқ намудани ин кораш патент гирад.
Ин муҳандиси нафақахур дар бораи таҷҳизоти сохтаи худ ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон маълумот дод.
Асбоби сохташуда аз ҳисоби муҳаррики автомобил барқи изофиро захира намуда, қодир аст то 8 соат лампаи хонаҳо ва васоили техникии лозим ба рӯзгорро бо барқи 220 В таъмин намояд.
Ҳасанов гуфт, барои истеҳсоли қувваи барқ ба ин тарз маблағ ва ё чизи дигар харҷ намешавад, балки аз ҳисоби ҳаракати автомобил барқ захира мегардад ва аз ҳамин лиҳоз таҷҳизоти ихтироънамудаашро “барқи ройгон” номгузорӣ кардааст.
“Барои ин корро самаранок истифода намудан танҳо лозим аст, ки дар бағоҷи мошин аккумлятори дуюм гузошта шавад. Ҳангоми ҳаракат намудани автомобил қувваи барқи изофӣ аз генератор ба аккумлятори дуюм захира гардида ва он тавассути дастгоҳи дигар аз 12 ба 220 В табдил дода мешавад, ки ба таври фаровон истифода намудани барқро имконпазир мегардонад” – афзуд, муҳандис.
Дар ҳоли пур шудани дастгоҳ он қодир аст то 7 - 8 соат лампаҳо ноутбуку телефон, радио ва дигар воситаҳои техникиро рушан гардонад.
Ин муаллиф мегуяд, дар ҳоле ба ин ихтироъ даст задааст, ки солҳост ба ин тараф дар деҳоти кишвар бебарқӣ мукили аз ҳама умда ба ҳисоб меравад.
Дар Тоҷикистон сар аз 1 уми январи соли ҷорӣ нархи неруи барқ боло рафта, минбаъд аҳолӣ барои ҳар киловат соат нерӯи барқи истифода шуда муваззафанд, ки 30, 75 дирам пардохт кунанд. Дар соли 2023 барои ҳар киловат барқ кам ё беш аз 27 дирам пардохт мешуд.