Раҳмон дар Доҳа ҷалби сармояи Қатар ба Тоҷикистонро баррасӣ кард

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои “Файсал Ҳолдинг” Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ мулоқот кард
Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои “Файсал Ҳолдинг” Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ мулоқот кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2024
Обуна шудан
Зимни мулоқот ҷалби сармояи қатарӣ ва иштироки ширкатҳои давлативу хусусии Қатар дар тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Қатар дар шаҳри Давҳа бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Давлати Қатар Ҳасан ибн Абдуллоҳ ал- Ғоним мулоқот карданд.
Раисҷумҳур дидору гуфтугӯи имрӯзаро идомаи мантиқии муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва баланд арзёбӣ карданд, хабар медиҳад котиботи ӯ.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили густариши робитаҳои байнипарлумонии ду кишварро муҳокима карда, нақши парлумонҳо ва Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро дар самти фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии муносиботи байнидавлатии ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф муҳим арзёбӣ намуданд.
Зимни мулоқот ҳамчунин, тавсеаи равобити иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишвар, ҷалби сармояи қатарӣ ва иштироки ширкатҳои давлативу хусусии Қатар дар тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар баррасӣ гардид.
Масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар арсаҳои гуманитариву фарҳангӣ низ мавриди муҳокима қарор доштаанд.
Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2024
Раҳмон бо ҳайати бузурги ҳукумат ба Қатар рафт
Кишвардори Тоҷикистон дар идомаи сафар бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои “Файсал Ҳолдинг” Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ низ мулоқот кард.
Ҷонибҳо рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни ду кишварро баррасӣ кардаанд.
"Баргузории Форумҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таъсиси “Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ” омили муҳими густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ гардид",- афзудааст манбаъ.
Ҷонибҳо зимни вохурӣ оид ба истифодаи имконияту иқтидорҳои бузурги Тоҷикистон дар самтҳои афзалиятноки саноат, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, роҳҳои транзитӣ ва бахши сайёҳӣ табодули андеша карданд.
Лентаи хабарҳо
0