Волидони бемасъулият дар тарбияи фарзанд 1,2 млн сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд

© Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Верховного суда Шермухаммад Шохиён
Председатель Верховного суда Шермухаммад Шохиён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2023
Обуна шудан
Шумораи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи масъулияти падару модар дар Тоҷикистон кам шудаст
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Барои нақзи қонуни Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд наздики 9,8 ҳазор парвандаи маъмурӣ ба баррасӣ гирифта шудааст.
Дар ин бора раиси Суди олии Тоҷикистон, Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки шумораи парвандаҳои баррасишуда барои нақзи меъёрҳои қонуни мазкур нисбати ҳамин давраи соли гузашта 430 адад кам шудааст.
Шоҳиён иттилоъ дод, ки дар давоми нимсола аз рӯи 8,8 ҳазор парванда нисбати бештар аз 8,8 ҳазор нафар қарор қабул гардид.
Дар мавриди чигунагии ҷазо Шоҳиён изҳор дошт, ки дар нисбати қариб 3,2 ҳазор нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбати қариб 5,7 ҳазор ҷарима татбиқ гардидааст.
Рӯзи Дониш дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2023
Бемасъулиятии волидон дар Тоҷикистон бештар шудааст
Ҳаҷми ҷаримаҳое, ки судҳо нисбати волидони бемасъулият татбиқ кардаанд, наздики 1,2 млн сомонӣ арзёбӣ гардид. Зикр гардид, ҷавобгарии маъмурӣ барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд огоҳӣ ва ё ҷарима аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудаст.
Раиси Суди олӣ таъкид намуд, ки тибқи қонуни асосӣ низ падару модар масъуланд барои таълими фарзанд, инкишофи маънавӣ, ҷисмонӣ ва руҳияш шароит фароҳам оваранд.
Вай илова намуд, ки асосан аз беаҳамиятии волидон, наврасон дар ҷумҳурӣ даст ба қонуншиканӣ мезананд.
Шоҳиён дар ин самт аз қонун дар бораи масъулияти падару модар тавсиф кард, ки ба гуфтаи ӯ, дар самти тарбия ва ба воя расондани насли ҷавон нақши бузург дорад.
Лентаи хабарҳо
0