https://sputnik.tj/20240121/suqut-havopaymo-musofirbar-hindi-badakhshon-afghoniston-1061342973.html
Суқути ҳавопаймои мусофирбари ҳиндӣ дар Бадахшони Афғонистон
Суқути ҳавопаймои мусофирбари ҳиндӣ дар Бадахшони Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳавопаймо шоми 20 январ ҳангоми парвоз дар ҳарими ҳавоии Афғонистон (дар наздикии марзи Тоҷикистон) иртиботро қатъ карда, аз экранҳои радарҳо ғайб задааст
2024-01-21T12:51+0500
2024-01-21T12:51+0500
2024-01-27T18:02+0500
афғонистон
суқути ҳавопаймо
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031750288_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_935ea1457387a780149e67e484625d96.jpg
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ҳавопаймои мусофирбарии Ҳиндустон дар кӯҳистони вилояти Бадахшони Афғонистон суқут кард.Дар ин бора хабаргузории "Пажвок" дар шабакаи иҷтимоии X хабар додааст. Ба навиштаи Khaama Press, ҳавопаймои мазкур аз масири аввалааш берун баромада, дучори сонеҳа шудааст.Ба гузориши расонаҳои марбут ба гуруҳи ҳоким дар Афғонистон воқеа дар куҳи Турхона дар сарҳади ноҳияҳои Киронманҷон ва Зебок рӯй додааст.Ҳукуматдорони маҳаллии гуфтаанд, ки ба он ҷо гуруҳҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳиро фиристодаанд.Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ Русия гуфтааст, ки ҳавопаймои Falcon, ки дар Афғонистон нопадид шуд, дар феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои шаҳрвандии Федератсияи Русия сабти ном шудааст.Гуфта мешавад, Falcon 10 шоми шанбеи 20 январ ҳангоми парвоз дар ҳарими ҳавоии Афғонистон (дар наздикии марзи Тоҷикистон) иртиботро қатъ карда, аз экранҳои радарҳо ғайб зад, гуфта мешавад дар паёми Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ Русия.То кунун ҷузъиёт дар бораи афроди дохили ҳавопаймо ва тақдири онҳо мушаххасоте нест.
https://sputnik.tj/20230115/suquti-havopaymo-sarnishin-1054218015.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031750288_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_037e4328528a13d2ee46ee1906704f41.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суқут ҳавопаймо мусофирбар ҳиндӣ бадахшон афғонистон
суқут ҳавопаймо мусофирбар ҳиндӣ бадахшон афғонистон
Суқути ҳавопаймои мусофирбари ҳиндӣ дар Бадахшони Афғонистон
12:51 21.01.2024 (Навсозишуда: 18:02 27.01.2024) Ҳавопаймо шоми 20 январ ҳангоми парвоз дар ҳарими ҳавоии Афғонистон (дар наздикии марзи Тоҷикистон) иртиботро қатъ карда, аз экранҳои радарҳо ғайб задааст
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ҳавопаймои мусофирбарии Ҳиндустон дар кӯҳистони вилояти Бадахшони Афғонистон суқут кард.
Дар ин бора хабаргузории "Пажвок" дар шабакаи иҷтимоии X хабар додааст.
"Рӯзи якшанбе мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки як ҳавопаймои мусофирбари ҳиндӣ дар манотиқи кӯҳистонии Бадахшон суқут кардааст", - афзудааст манбаъ.
Ба навиштаи Khaama Press, ҳавопаймои мазкур аз масири аввалааш берун баромада, дучори сонеҳа шудааст.
Ба гузориши расонаҳои марбут ба гуруҳи ҳоким дар Афғонистон воқеа дар куҳи Турхона дар сарҳади ноҳияҳои Киронманҷон ва Зебок рӯй додааст.
Ҳукуматдорони маҳаллии гуфтаанд, ки ба он ҷо гуруҳҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳиро фиристодаанд.
Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ Русия гуфтааст, ки ҳавопаймои Falcon, ки дар Афғонистон нопадид шуд, дар феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои шаҳрвандии Федератсияи Русия сабти ном шудааст.
Гуфта мешавад, Falcon 10 шоми шанбеи 20 январ ҳангоми парвоз дар ҳарими ҳавоии Афғонистон (дар наздикии марзи Тоҷикистон) иртиботро қатъ карда, аз экранҳои радарҳо ғайб зад, гуфта мешавад дар паёми Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ Русия.
То кунун ҷузъиёт дар бораи афроди дохили ҳавопаймо ва тақдири онҳо мушаххасоте нест.