https://sputnik.tj/20230115/suquti-havopaymo-sarnishin-1054218015.html
Суқути ҳавопаймо бо 72 сарнишин - видео
Суқути ҳавопаймо бо 72 сарнишин - видео
Sputnik Тоҷикистон
Садама дар ҳоле рух додааст, ки ҳавопаймо дар ҳоли фуруд дар майдони ҳавоии байналмилалии Покхара будааст. Теъдоди наҷотёфтагон дар ҳоли ҳозир маълум нест
2023-01-15T12:30+0500
2023-01-15T12:30+0500
2023-01-15T13:16+0500
дар ҷаҳон
суқут
ҳавопаймо
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
суқут кард
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0f/1054217584_0:2:1196:675_1920x0_80_0_0_ec5097bbef7d035faa788278debc703e.jpg
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ҳавопаймои мусофирбар бо 72 сарнишин дар музофоти марказии Непал суқут кардааст. Феълан дар ҷои ҳодиса корҳои наҷотдиҳӣ идома дорад. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ҳавопаймои "ATR 72" ки ба ширкати ҳавоии "Yeti Airlines" тааллуқ доштааст, аз шаҳри Котманду бо Покхара парвоз доштааст. Ҳавопаймои суқуткарда ҳомили 68 мусофиру 4 узви ҳайати халабонҳо буда, дар лаҳзаи фуруд суқут кардааст. Дар феҳрасти мусофирон аз ҳадди ақал 15 хориҷӣ ва 3 кӯдак қарор доштаанд.Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки эҳтимолан дар он лаҳзаи суқути ҳавопаймо сабт шудааст. Дар наворҳое, ки лаҳзаи аввали суқут сабт шудаанд, теъдоди зиёди сокинони мулкӣ дар наздикии ҳавопаймо ҷамъ омада, талош доранд, бо василаҳои дастрас аз ҷумла пошидани хок оташро хомӯш кунанд. Аз қавли сухангӯи артиш Кришна Бхандарӣ иттилоъ дода шудааст, ки то ҳол ҷасади даҳҳо нафар берун бароварда шудааст. Дар мавриди наҷотёфтаҳо иттилое ироа нашудааст. Ба асоси бархе аз гузоришҳо, ҳамаи сарнишинҳои ҳавопаймо, ҳам мусофирону ҳам ҳайати халабонҳо ба ҳалокат расидаанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0f/1054217584_28:0:928:675_1920x0_80_0_0_2c41f3998337e77b0f4bb5ef20f12a87.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
навор, суқут, ҳавопаймо, непал, мусофирбар
навор, суқут, ҳавопаймо, непал, мусофирбар
Суқути ҳавопаймо бо 72 сарнишин - видео
12:30 15.01.2023 (Навсозишуда: 13:16 15.01.2023) Садама дар ҳоле рух додааст, ки ҳавопаймо дар ҳоли фуруд дар майдони ҳавоии байналмилалии Покхара будааст. Теъдоди наҷотёфтагон дар ҳоли ҳозир маълум нест
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ҳавопаймои мусофирбар бо 72 сарнишин дар музофоти марказии Непал суқут кардааст. Феълан дар ҷои ҳодиса корҳои наҷотдиҳӣ идома дорад.
Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ҳавопаймои "ATR 72" ки ба ширкати ҳавоии "Yeti Airlines" тааллуқ доштааст, аз шаҳри Котманду бо Покхара парвоз доштааст.
Ҳавопаймои суқуткарда ҳомили 68 мусофиру 4 узви ҳайати халабонҳо буда, дар лаҳзаи фуруд суқут кардааст. Дар феҳрасти мусофирон аз ҳадди ақал 15 хориҷӣ ва 3 кӯдак қарор доштаанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки эҳтимолан дар он лаҳзаи суқути ҳавопаймо сабт шудааст.
Дар наворҳое, ки лаҳзаи аввали суқут сабт шудаанд, теъдоди зиёди сокинони мулкӣ дар наздикии ҳавопаймо ҷамъ омада, талош доранд, бо василаҳои дастрас аз ҷумла пошидани хок оташро хомӯш кунанд.
Аз қавли сухангӯи артиш Кришна Бхандарӣ иттилоъ дода шудааст, ки то ҳол ҷасади даҳҳо нафар берун бароварда шудааст. Дар мавриди наҷотёфтаҳо иттилое ироа нашудааст.
Ба асоси бархе аз гузоришҳо, ҳамаи сарнишинҳои ҳавопаймо, ҳам мусофирону ҳам ҳайати халабонҳо ба ҳалокат расидаанд.