https://sputnik.tj/20240120/shahrvand-tojikiston-mehnat-ghulomi-myanmor-najot-1061336650.html
Се шаҳрванди Тоҷикистонро аз меҳнати ғуломӣ дар Мянмор наҷот доданд
Се шаҳрванди Тоҷикистонро аз меҳнати ғуломӣ дар Мянмор наҷот доданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорат ҷузъиёти қазияро бештар ошкор накарда ва шарҳ надодааст, ки ин афрод чӣ гуна ба Мянмор расиданд ва чанд вақт дар онҷо буданд
2024-01-20T11:56+0500
2024-01-20T11:56+0500
2024-01-20T12:00+0500
дар тоҷикистон
вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1d/1051773137_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_99da18c89dad49314ebc1d66fdc31861.jpg
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тоҷикистон се шаҳрвандашро, ки дар Мянмор қурбонии қочоқи инсонӣ шуданд, ба Ватан баргардонид.Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ гузориш медиҳад.Ба иттилои манбаъ, ин са тан ҷавонон буда, имрӯз 20 январ ба Тоҷикистон оварда шуданд.Гуфта мешавад, раҳоии ин шаҳрвандон дар пайи талошҳои сафорати Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо мақомоти шоҳии Таиланд, Сафорати Мянмор дар Малайзия, инчунин Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ва Намояндагии байналмилалии адлия даст дод. Дар ҳамин ҳол вазорат ҷузъиёти қазияро бештар ошкор накарда ва шарҳ надодааст, ки ин афрод чӣ гуна ба Мянмор расиданд ва чанд вақт дар онҷо буданд.Ёдовар мешавем, ки дар гузашта хабарҳои қурбонии қочоқ шудани шаҳрвандони кишвар аз ҷумла ба баъзе кишварҳои арабӣ буд, аммо ин нахустин хабари қочоқи тоҷикистониён ба Мянмор аст.Маврид ба зикр аст, ки ба масоили мубориза савдои одамон дар сатҳи байналмилалӣ диққати махсус дода шуда, соли 2000 Маҷмаъи кулли СММ Протоколи ҷилавгирӣ аз савдои одамон ва мубориза бо онро қабул кард, ки ба номи Протоколи Палермо ва ё Протоколи савдои одамон маъруф аст. Тоҷикистон низ ҳанӯз дар соли 2002 ба ин шумор пайваста буд.
https://sputnik.tj/20230704/elon-hukm-rahbar-shirkat-jamol-odamfurushi-zanon-arabiston-1058070298.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1d/1051773137_113:0:2844:2048_1920x0_80_0_0_5973553d26f54583ebb23733fd0d3fd9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шаҳрванд тоҷикистон меҳнат ғуломӣ мянмор наҷот
шаҳрванд тоҷикистон меҳнат ғуломӣ мянмор наҷот
Се шаҳрванди Тоҷикистонро аз меҳнати ғуломӣ дар Мянмор наҷот доданд
11:56 20.01.2024 (Навсозишуда: 12:00 20.01.2024) Вазорат ҷузъиёти қазияро бештар ошкор накарда ва шарҳ надодааст, ки ин афрод чӣ гуна ба Мянмор расиданд ва чанд вақт дар онҷо буданд
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тоҷикистон се шаҳрвандашро, ки дар Мянмор қурбонии қочоқи инсонӣ шуданд, ба Ватан баргардонид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин са тан ҷавонон буда, имрӯз 20 январ ба Тоҷикистон оварда шуданд.
Гуфта мешавад, раҳоии ин шаҳрвандон дар пайи талошҳои сафорати Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо мақомоти шоҳии Таиланд, Сафорати Мянмор дар Малайзия, инчунин Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ва Намояндагии байналмилалии адлия даст дод.
"Мақомоти дахлдори Тоҷикистон ҳоло бо ин шаҳрвандон корҳои барқарорсозӣ ва равоншиносӣ бурда, барои дар оянда пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо чораҳои пешгирикунанда меандешанд",- афзудааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол вазорат ҷузъиёти қазияро бештар ошкор накарда ва шарҳ надодааст, ки ин афрод чӣ гуна ба Мянмор расиданд ва чанд вақт дар онҷо буданд.
Ёдовар мешавем, ки дар гузашта хабарҳои қурбонии қочоқ шудани шаҳрвандони кишвар аз ҷумла ба баъзе кишварҳои арабӣ буд, аммо ин нахустин хабари қочоқи тоҷикистониён ба Мянмор аст.
Маврид ба зикр аст, ки ба масоили мубориза савдои одамон дар сатҳи байналмилалӣ диққати махсус дода шуда, соли 2000 Маҷмаъи кулли СММ Протоколи ҷилавгирӣ аз савдои одамон ва мубориза бо онро қабул кард, ки ба номи Протоколи Палермо ва ё Протоколи савдои одамон маъруф аст.
Тоҷикистон низ ҳанӯз дар соли 2002 ба ин шумор пайваста буд.