Эълони ҳукми раҳбари ширкати “Ҷамол-2012” барои одамфурӯшӣ: занонро ба Арабистон мебурд

© Дафтари матбуоти Додситонии кулли ТоҷикистонДиректори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти махдуди “Ҷамол-2012” Расулов Ҷамолиддин Зиёвуддинович
Директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти махдуди “Ҷамол-2012” Расулов Ҷамолиддин Зиёвуддинович - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2023
Обуна шудан
Муҷрим ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ алалхусус ҷавонзанони тоҷикро, ки аз рӯи синну сол ва ҳусни зоҳири “интихоб” шудаанд, ба корфармоён интиқол додааст
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Додгоҳи олии Тоҷикистон директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти махдуди “Ҷамол-2012” Расулов Ҷамолиддин Зиёвуддиновичро барои 12 сол равонаи зиндон кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Додситонии кулли кишвар хабар дода гуфтааст, ки ширкати “Ҷамол-2012” дар гузашта барои ҷалби коргарон ба кишварҳои арабӣ машғул буд.
Раҳбари он Расулов барои савдои одамон, ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда муҷрим дониста мешавад.
Девушка сидит на столе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Вазир дар бораи савдои духтарони тоҷик ба хориҷ: "Ин барои миллати тоҷик ташвишовар аст"
Ба иттилои додситонӣ, номбурда ба ҳайси директори ширкати “Ҷамол-2012” ва муассиси ҷамъиятҳои “Ҷамил Бухорӣ” ва “Мадади шарқ” кор карда, бо мақсади ғараз ба сафарбарнамоии муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ ва дигар давлатҳои хориҷӣ бо ваъдаи ба онҳо таъмин кардани кори муносиб ва даромаднок машғул шудааст.
"Расулов Ҷ.З. баъзе аз роҳбарони ширкатҳои хориҷиро аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуда, бо онҳо ҷабрдидагон, алалхусус ҷавонзанони тоҷикро, ки аз рӯи синну сол ва ҳусни зоҳири “интихоб” шудаанд, ба корфармоён интиқол додааст", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ӯ бо ваъдаҳои баръало бардурӯғ, давоми солҳои 2021-2022 танҳо ба Арабистони Саудӣ зиёда аз 122 нафар шаҳрвандонро барои кор сафарбар намудааст, ки аксари онҳоро занон ташкил додаанд.
Таъкид шудааст, ки бар хилофи қонунгузорӣ, корфармоёни хориҷӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаҳояшонро гирифта, онҳоро аз истифодаи телефони мобилӣ ва алоқа бо хешу таборон, ҳуқуқи озодона гаштугузор кардан, ҳуқуқи муошират, муроҷиат ба консулҳои дипломатии Тоҷикистон, имконияти ивази ҷои будубош, бозгашт ба ватани хеш ва дигар ҳӯқуқҳои фардии шаҳрвандӣ маҳрум карда буданд.
Боздошти як зани 35-сола барои ҷалби бонувон ба танфурӯшӣ дар Дубай
Дар пайи таҳқиқи ҳодисаҳо Прокуратураи генералӣ алайҳи Расулов Ҷ.З. оид ба 22 лаҳзаи чунин ҷиноятҳое, ки дар давоми солҳои 2016 то соли 2022 содир кардааст, айб эълон кард, ки додгоҳ дар асоси он ҳукм содир кард.
Ҳамакнун ӯ ҳукми зиндонро дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр паси сар мекунад.
Лентаи хабарҳо
0