https://sputnik.tj/20240120/sado-dusti-asarho-shahidi-rakhmaninov-dushanbe-namoish-1061339511.html
"Садои дӯстӣ": асарҳои Шаҳидӣ ва Рахманинов дар Душанбе намоиш дода шуд
"Садои дӯстӣ": асарҳои Шаҳидӣ ва Рахманинов дар Душанбе намоиш дода шуд
Sputnik Тоҷикистон
Театри давлатии академии опера ва балети Точикистон ба номи. Айнӣ консерти бошукуҳи "Садои дӯстӣ"-ро баргузор кард, ки ҳаводорони зиёдеро гирд овард 20.01.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-01-20T17:06+0500
2024-01-20T17:06+0500
2024-01-20T17:38+0500
видео
душанбе
дар тоҷикистон
толибхон шаҳидӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/14/1061340178_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_aefee5d913fd9fc76e82f9f446aa9df9.jpg
Дар саҳнаи асосии театри Тоҷикистон беҳтарин асарҳои Раҳманинов ва Шаҳидӣ намоиш дода шуданд. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз консерти "Садои дӯстӣ" дидан карда, аз намоишнома наворҳои равшане гирифт. Гуфта мешавад, ки чорабинӣ дар театри ба номи Садриддин Айнӣ сурат гирифтааст. Маҳз дар ҳамин ҷо нахустнамоиши таърихии ду асари бузурги садаи бистум – симфонияи дуюми Сергей Раҳманинов ва шеъри симфонии “Садо” – Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Толибхон Шаҳидӣ баргузор шуд. Консерти Толибхон Шаҳидӣ дар Душанбе - видеоҚаблан дар Душанбе ҷашнвораи байнулмилалии халқҳои АвруОсиё "Шарқ - Ғарб" баргузор шуда буд. Он дар Театри академии Абулқосим Лоҳутӣ баргузор шуд. Дар он асарҳои ҳунармандони кишварҳои Авруосиё, созҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ин ҷашнвора бо ҳадафи эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, боло бурдани арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ифтихор ба фарҳанги миллӣ ва тарбияи ҳисси эстетикӣ баргузор шудааст. Вазорат ба ҳамаи иштирокчиёни фестивалро бо шаҳодатномаҳо сарфароз гардонид.Маврид ба зикр аст, ки Толибхон Шаҳидӣ аз хонаводаи маъруфи санъаткорон мебошад, ки соли 1946 таваллуд шудааст. Вай фарзанди оҳангсози маъруфи дигари тоҷик, Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ буда, аз 14-солагӣ ба омӯзиши мусиқӣ шурӯъ кардаст.Толибхон омӯзишгоҳи мусиқии Душанберо хатм карда, баъдан ба таҳсил дар Консерваторияи Маскав оғоз кардааст. Баъди хатми консерватория дар соли 1972 фаъолияти эҷодии худро дар зодгоҳаш Душанбе оғоз мекунад.Вай муаллифи асарҳои гуногуни симфонӣ буда, барои осораш барандаи ҷоизаҳои мухталифи байналмилалӣ шудааст.Ӯ соли 1999 унвони ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро соҳиб шуда, инчунин дорандаи Ҷоизаи давлатӣ ба номи Рӯдакӣ мебошад.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/14/1061340178_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_d2357ef6bd2dd4608627bbda8acb15ae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, видео, душанбе, дар тоҷикистон, толибхон шаҳидӣ
видео, видео, душанбе, дар тоҷикистон, толибхон шаҳидӣ
"Садои дӯстӣ": асарҳои Шаҳидӣ ва Рахманинов дар Душанбе намоиш дода шуд
17:06 20.01.2024 (Навсозишуда: 17:38 20.01.2024) Театри давлатии академии опера ва балети Точикистон ба номи. Айнӣ консерти бошукуҳи "Садои дӯстӣ"-ро баргузор кард, ки ҳаводорони зиёдеро гирд овард
Дар саҳнаи асосии театри Тоҷикистон беҳтарин асарҳои Раҳманинов ва Шаҳидӣ намоиш дода шуданд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз консерти "Садои дӯстӣ" дидан карда, аз намоишнома наворҳои равшане гирифт.
Гуфта мешавад, ки чорабинӣ дар театри ба номи Садриддин Айнӣ сурат гирифтааст. Маҳз дар ҳамин ҷо нахустнамоиши таърихии ду асари бузурги садаи бистум – симфонияи дуюми Сергей Раҳманинов ва шеъри симфонии “Садо” – Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Толибхон Шаҳидӣ баргузор шуд.
Қаблан дар Душанбе ҷашнвораи байнулмилалии халқҳои АвруОсиё "Шарқ - Ғарб" баргузор шуда буд. Он дар Театри академии Абулқосим Лоҳутӣ баргузор шуд.
Дар он асарҳои ҳунармандони кишварҳои Авруосиё, созҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ин ҷашнвора бо ҳадафи эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, боло бурдани арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ифтихор ба фарҳанги миллӣ ва тарбияи ҳисси эстетикӣ баргузор шудааст. Вазорат ба ҳамаи иштирокчиёни фестивалро бо шаҳодатномаҳо сарфароз гардонид.
Маврид ба зикр аст, ки Толибхон Шаҳидӣ аз хонаводаи маъруфи санъаткорон мебошад, ки соли 1946 таваллуд шудааст. Вай фарзанди оҳангсози маъруфи дигари тоҷик, Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ буда, аз 14-солагӣ ба омӯзиши мусиқӣ шурӯъ кардаст.
Толибхон омӯзишгоҳи мусиқии Душанберо хатм карда, баъдан ба таҳсил дар Консерваторияи Маскав оғоз кардааст. Баъди хатми консерватория дар соли 1972 фаъолияти эҷодии худро дар зодгоҳаш Душанбе оғоз мекунад.
Вай муаллифи асарҳои гуногуни симфонӣ буда, барои осораш барандаи ҷоизаҳои мухталифи байналмилалӣ шудааст.
Ӯ соли 1999 унвони ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро соҳиб шуда, инчунин дорандаи Ҷоизаи давлатӣ ба номи Рӯдакӣ мебошад.