Сардори БДА ва сохторҳояш иваз шуданд: Раҳмон хост, сафи ин ниҳод тоза карда шавад

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни тағйироти кадрӣ дар сохтори Вазорати умури дохилии кишвар, аз ҷумла дар бозрасии автомобилӣ нигарониҳояшро баён дошт
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон, Қурбонзода Суҳроб аз вазифаи сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ озод гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Мирзомуродзода Рустам ба вазифаи сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии кишвар таъйин гардид.
Ҳамчунин сардори Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон оид ба самтҳои ҳаракати сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр, Раёсати экологӣ ва сайёҳӣ ва Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷриба таъйин шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти зикргардида фаъолияти соҳаро таҳлил карда, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастур дод.
Сотрудник милиции в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2023
Омори маргу мир дар роҳҳои Хатлон
Президент аз ҷумла аз ҳолатҳои зиёди қонунушиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат ёдовар шудааст.
Вай супориш додааст, ки сафи ҳайати шахсии Бозрасии давлатии автомобилӣ тоза карда шаваду тамоми кормандони БДА аз аттестатсия гузаронида шаванд.
Ба роҳбарияти мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ дастур дода шуд, ки минбаъд зимни ба кор қабул кардан ба маҳорати касбӣ ва дониши мукаммали кадрҳо диққати ҷиддӣ дода шавад, омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки ахиран хабарҳо нашр гардиданд, ки рабояндаҳои ноиби раиси "Ориёнбонк" дар Душанбе чанд рӯз бо рақамҳои қалбакӣ гаштугузор доштаанд.
Лентаи хабарҳо
0