Як миллион сомонӣ ҷарима шуданд: Ҷазои ронандагони мошинҳои боркаш дар Бохтар

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2024
Обуна шудан
Мақомоти минтақаи Бохтари вилояти Хатлон мегӯяд, нисбати 291 ронандаи мошинҳои гаронвазн санади маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо наздик ба 1 млн. сомонӣ ҷарима шуданд
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Тавре Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтари вилояти Хатслон хабар додааст, дар соли 2023-юм нисбати 291 ронандаи воситаҳои нақлиёти гаронвазн санади маъмурӣ тартиб дода шудааст, иттилоъ додааст “Фараж”.
Ин ронандаҳо ба маблағи 989 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима шуданд.
Ин ниҳоди давлатӣ хабар додааст, ки аз ин мошинҳо 791 тонна бор фароварда шудаааст.
Иттилоъ дода шуд, ки нисбати 3897 нафар ронандаи воситаҳои нақлиёти боракаш барои бе пардаи ҳимоявӣ кашонидани бор протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба андозаи 2 то 3 нишондиҳанда ҷарима карда шудаанд.
Ҳамчунин дар ин сол нисбати 700 ронандаи воситаҳои нақлиёти мусофиркаш барои бе иҷозатнома ва риоя накардани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба судҳо ирсол карда шудааст.
Женщины на заседании в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2024
Дар Хатлон беш аз 12 ҳазор зан бо кор таъмин гардид
Қайд карда шудааст, ки соли гузашта нисбати 11 шахси ҳуқуқӣ ва мансабдори ҷамъиятҳои нақлиётӣ барои риоя накарани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Дар умум аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар 8410 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони мансабдору воқеӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 2 миллиону 111 ҳазору 92 сомонӣ чарима карда шудаанд, ки ин нишондод нисбати соли 2022-юм 1328 адад зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0