https://sputnik.tj/20240107/khatlon-zan-kor-tamin-1061180499.html
Дар Хатлон беш аз 12 ҳазор зан бо кор таъмин гардид
Дар Хатлон беш аз 12 ҳазор зан бо кор таъмин гардид
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ ба таъмин кардани занон бо ҷои кор бештар равона мегардад. Роҳбари давлат низ пайваста ба зарурати таъмин шудани занон ба шуғл таъкид мекунад
2024-01-07T11:45+0500
2024-01-07T11:45+0500
2024-01-09T11:52+0500
дар тоҷикистон
хатлон
кор
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/11/1058878934_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_6311dcefe8944eac50b98160eaa2196a.jpg
ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Давоми соли сипаришуда дар Хатлон 12,7 ҳазор зан бо ҷойи кор таъмин гардид, хабар медиҳад Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин вилоят.Ба иттилои манбаъ, дар ин давра ҷамъан 66 ҳазор нафар бо ҷои кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин гардиданд, ки дар қиёс ба соли қаблӣ ин рақам хеле зиёд аст.Зикр гардид, ки аз ин миқдор ҷойи кории ташкилшуда 58960 ҷой аз ҳисоби шахсони воқеӣ мебошад.Илова бар ин, соли гузашта беш аз 13 ҳазор нафари дигар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд, ки аз ин миён 6 649 нафар тариқи ройгон дар марказҳои ин Раёсат ба касбомӯзи ҷалб шудаанд.Манбаъ афзуд, давоми соли 2023 ба Раёсат ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо беш аз 38 ҳазор нафар барои пайдо кардани ҷойи кор муроҷиат карданд, ки 34,4 ҳазорашон ба қайд гирифта шуда, 25 ҳазору 700 нафарашон бо ҷойи кор таъмин гардиданд.Бояд гуфт, ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ ва ифтитоҳи иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ ва истеҳсолӣ, ки онҷо ҷойҳои корӣ таъсис дода шудаанд ба шуғли аҳолӣ мусоидат мекунад.Қаблан коршиносон таъкид намуданд, ки 49,3 дарсади шаҳрвандони бекори Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд.
https://sputnik.tj/20230711/dar-sughd-chand-nafar-bekor-joy-1058201026.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/11/1058878934_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_b34a59f2d6fbc75f2be7189b85f2ce39.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хатлон зан кор
Дар Хатлон беш аз 12 ҳазор зан бо кор таъмин гардид
11:45 07.01.2024 (Навсозишуда: 11:52 09.01.2024) Дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ ба таъмин кардани занон бо ҷои кор бештар равона мегардад. Роҳбари давлат низ пайваста ба зарурати таъмин шудани занон ба шуғл таъкид мекунад
ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Давоми соли сипаришуда дар Хатлон 12,7 ҳазор зан бо ҷойи кор таъмин гардид, хабар медиҳад Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин вилоят.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра ҷамъан 66 ҳазор нафар бо ҷои кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин гардиданд, ки дар қиёс ба соли қаблӣ ин рақам хеле зиёд аст.
Зикр гардид, ки аз ин миқдор ҷойи кории ташкилшуда 58960 ҷой аз ҳисоби шахсони воқеӣ мебошад.
Илова бар ин, соли гузашта беш аз 13 ҳазор нафари дигар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд, ки аз ин миён 6 649 нафар тариқи ройгон дар марказҳои ин Раёсат ба касбомӯзи ҷалб шудаанд.
Манбаъ афзуд, давоми соли 2023 ба Раёсат ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо беш аз 38 ҳазор нафар барои пайдо кардани ҷойи кор муроҷиат карданд, ки 34,4 ҳазорашон ба қайд гирифта шуда, 25 ҳазору 700 нафарашон бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Бояд гуфт, ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ ва ифтитоҳи иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ ва истеҳсолӣ, ки онҷо ҷойҳои корӣ таъсис дода шудаанд ба шуғли аҳолӣ мусоидат мекунад.
Қаблан коршиносон таъкид намуданд, ки 49,3 дарсади шаҳрвандони бекори Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд.