https://sputnik.tj/20231008/charkhai-2-i-nbo-qayroqqum-kor-medaroyad-hajm-tavlid-barq-ziyod-1059843734.html
Чархаи 2 -и НБО “Қайроққум” ба кор медарояд: ҳаҷми тавлиди барқ зиёд мешавад?
Чархаи 2 -и НБО “Қайроққум” ба кор медарояд: ҳаҷми тавлиди барқ зиёд мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Корҳои таъмиру таҷдид ба анҷом расида, баъди гузаронидани санҷишҳои техникӣ қарор аст дар остонаи зимистон бо иқтидори нав ба кор андохта шавад 08.10.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-10-08T10:23+0500
2023-10-08T10:23+0500
2023-10-08T10:23+0500
дар тоҷикистон
нбо қайроқум
барқ
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102262/90/1022629095_0:457:2017:1592_1920x0_80_0_0_db5e8218cafb1913a5b7e202d1b0821d.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт – Sputnik. Чархаи дуюми нерӯгоҳи "Қайроқум" дар ояндаи наздик фаъол мешавад. Дар ин бора директори НОБ “Қайроқум” Файзулло Авезов ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод. Ӯ, гуфт, дар ҳоли фаъол шудани чархаи 2 -и нерӯгоҳ ҳаҷми тавлиди барқ изофа хоҳад шуд. Маврид ба зикр аст, ки тобистони имсол чархаи аввали НБО “Қайроққум” баъди таъмир бо иқтисоди тавлидотии 29 МВт ба кор андохта шуд.Қаблан ин чарха ҳамагӣ 21 МВт соат барқ истеҳсол мекард. Қарор буд, ҳамаи агрегатҳои ин нерӯгоҳ то охири соли ҷорӣ ба кор андохта шавад, аммо ба гуфтаи масъулин хуруҷи ҳамагири COVID – 19 боиси то соли 2025 ба таъхир афтодани корҳои сохтмонӣ шудааст.Маблағи умумии тарҳи бозсозии ин маҷмааи муҳими обӣ дар вилояти Суғд 200 млн. долларро ташкил медиҳад. Авезов афзуд, то замони ба охир расидани бозсозии агрегатҳо, иқтидори истеҳсолии он нигоҳ дошта мешавад.Сохтмони неругоҳи барқи обии “Қайроққум” соли 1952 дар замони собиқ шӯравӣ шурӯъ шуда, чархаи якуми он бо иқтидори 21 МВт дар таърихи 15 декабри соли 1956 ба кор дароварда шуда буд. Ин нерӯгоҳ баъд аз “Норак”, “Роғун”, “Сарбанд” аз шумори манбаъҳои муҳими барқтавлидкунанда маҳсуб мешавад. Он дар дарёи Сир ва дар ҳудуди шаҳри Гулистон ҷойгир аст. Соли 2016 номи "Қайроққум" иваз шуда, обанбори Қайроққум "Баҳри тоҷик"-ро гирифт. НБО “Қайроққум” дар маҷмуъ аз 6 агрегат иборат буда, 64 сол инҷониб бо иқтидори 126 МВт фаъолият дорад. Интизор меравад, ки пас аз таъмир иқтидори нерӯгоҳи мазкур аз 126 МВт ба 176 МВт афзоиш ёбад. Истеҳсоли қувваи барқи нерӯгоҳ ба ҳисоби миёна то 38% афзоиш меёбад. Барқи дар ин нерӯгоҳ тавлидшуда ба шуморе аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд интиқол дода мешавад.Ин дар ҳолест, ки ширкати “Барқи Тоҷик” дар поёни моҳи сентябр бо нашри як муроҷиатнома аҳолиро аз эҳтимоли норасоии мавсимии нерӯи барқ огоҳ карда, эътироф намуд, ки манфиатдори ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ нест, аммо вазъ инро талаб мекунад. Ҳоло дар шаҳру навоҳии умдатан кӯҳистонии вилоятҳои Суғду Хатлон рӯзона ва шабона ба муддати чанд соат қатъ кардани нерӯи барқ барқ шурӯъ шудааст. Сокинон изҳор мекунанд, ки бебарқӣ мушкили онҳоро дар деҳот дучанд мекунад.
https://sputnik.tj/20230928/bozgasht-limit-barq-tojikiston-barq-tojik-sharh-1059661582.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102262/90/1022629095_0:268:2017:1781_1920x0_80_0_0_d67cad46ddf2482e73f7b04f63e508c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, нбо қайроқум, барқ, энергетика
дар тоҷикистон, нбо қайроқум, барқ, энергетика
Чархаи 2 -и НБО “Қайроққум” ба кор медарояд: ҳаҷми тавлиди барқ зиёд мешавад?
Эксклюзив
Корҳои таъмиру таҷдид ба анҷом расида, баъди гузаронидани санҷишҳои техникӣ қарор аст дар остонаи зимистон бо иқтидори нав ба кор андохта шавад
ДУШАНБЕ, 8 окт – Sputnik. Чархаи дуюми нерӯгоҳи "Қайроқум" дар ояндаи наздик фаъол мешавад.
Дар ин бора директори НОБ “Қайроқум” Файзулло Авезов ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ӯ, гуфт, дар ҳоли фаъол шудани чархаи 2 -и нерӯгоҳ ҳаҷми тавлиди барқ изофа хоҳад шуд.
“Дар назар аст, ки баъди таъмиру таҷдиди ин агрегат ҳаҷми истеҳсоли барқи ҳиссаи он то ба 30 мегаватт баробар шавад”, – афзуд, директори нерӯгоҳ.
Маврид ба зикр аст, ки тобистони имсол чархаи аввали НБО “Қайроққум” баъди таъмир бо иқтисоди тавлидотии 29 МВт ба кор андохта шуд.
Қаблан ин чарха ҳамагӣ 21 МВт соат барқ истеҳсол мекард. Қарор буд, ҳамаи агрегатҳои ин нерӯгоҳ то охири соли ҷорӣ ба кор андохта шавад, аммо ба гуфтаи масъулин хуруҷи ҳамагири COVID – 19 боиси то соли 2025 ба таъхир афтодани корҳои сохтмонӣ шудааст.
Маблағи умумии тарҳи бозсозии ин маҷмааи муҳими обӣ дар вилояти Суғд 200 млн. долларро ташкил медиҳад.
Авезов афзуд, то замони ба охир расидани бозсозии агрегатҳо, иқтидори истеҳсолии он нигоҳ дошта мешавад.
Сохтмони неругоҳи барқи обии “Қайроққум” соли 1952 дар замони собиқ шӯравӣ шурӯъ шуда, чархаи якуми он бо иқтидори 21 МВт дар таърихи 15 декабри соли 1956 ба кор дароварда шуда буд.
Ин нерӯгоҳ баъд аз “Норак”, “Роғун”, “Сарбанд” аз шумори манбаъҳои муҳими барқтавлидкунанда маҳсуб мешавад. Он дар дарёи Сир ва дар ҳудуди шаҳри Гулистон ҷойгир аст.
Соли 2016 номи "Қайроққум" иваз шуда, обанбори Қайроққум "Баҳри тоҷик"-ро гирифт.
НБО “Қайроққум” дар маҷмуъ аз 6 агрегат иборат буда, 64 сол инҷониб бо иқтидори 126 МВт фаъолият дорад.
Интизор меравад, ки пас аз таъмир иқтидори нерӯгоҳи мазкур аз 126 МВт ба 176 МВт афзоиш ёбад. Истеҳсоли қувваи барқи нерӯгоҳ ба ҳисоби миёна то 38% афзоиш меёбад.
Барқи дар ин нерӯгоҳ тавлидшуда ба шуморе аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд интиқол дода мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ширкати “Барқи Тоҷик” дар поёни моҳи сентябр бо нашри як муроҷиатнома аҳолиро аз эҳтимоли норасоии мавсимии нерӯи барқ огоҳ карда, эътироф намуд, ки манфиатдори ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ нест, аммо вазъ инро талаб мекунад.
Ҳоло дар шаҳру навоҳии умдатан кӯҳистонии вилоятҳои Суғду Хатлон рӯзона ва шабона ба муддати чанд соат қатъ кардани нерӯи барқ барқ шурӯъ шудааст. Сокинон изҳор мекунанд, ки бебарқӣ мушкили онҳоро дар деҳот дучанд мекунад.