https://sputnik.tj/20240118/vazir-khorija-rusiya-choraho-zaruri-hal-nizo-falastinu-isroil-1061326245.html
Вазири умури хориҷаи Русия аз чораҳои зарурӣ барои ҳалли низои Фаластину Исроил гуфт
Вазири умури хориҷаи Русия аз чораҳои зарурӣ барои ҳалли низои Фаластину Исроил гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Русия, барои ҳалли муносибатҳои Исроил ва Фаластин танҳо муколамаи мустақим ва дастаҷамъӣ лозим аст
2024-01-18T17:21+0500
2024-01-18T17:21+0500
2024-01-19T11:22+0500
исроил
фаластин
сергей лавров
сиёсат
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/07/1054034270_0:156:3072:1883_1920x0_80_0_0_aff4aaf9a8f9e30f41f5a7a44f400e33.jpg
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар вазъияти Шарқи Наздик ба кори дастаҷамъӣ такя кардан лозим аст, ки Иёлоти Муттаҳида одати онро гум кардаанд.Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои дипломатияи Русия барои соли 2023 изҳор дошт.Вай зикр кард, ки Русия пешниҳод мекунад, ки ҳалли дастаҷамъона дар масъалаи Фаластин аз сар гирифта шавад ва изҳори умедворӣ кард, ки ин раванд пурмаҳсул хоҳад буд.Ба гуфтаи ӯ, барои ҳалли муносиботи Исроил ва Фаластин танҳо муколамаи мустақим лозим аст.“Русия дар бораи робитаҳои “нимпушида”-и байни ИМА, Исроил ва мамлакатҳои ҷудогонаи араб хабар дорад, вале ин гуфтушуниди бевоситаи байни Исроил ва Фаластинро дар назар намегирад... Инхо муваффак намешаванд”, — гуфт ӯ.Илова бар ин, раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия таъкид кард, ки Маскав "ба Исроил ва исроилиён дар бехатарӣ хеле манфиатдор аст"."Ин шарики деринаи мост, кишвари мо аввалин шуда, истиқлолияти Исроилро ба расмият шинохт, ҳоло дар он ҷо ҳудуди 2 миллион нафар шаҳрвандон ҳастанд, ки ҳамзамон шаҳрвандони Русия ҳастанд, муҳоҷирон аз Русия ҳастанд. Албатта, ин ба мо бетараф нест", - изҳор дошт Лавров.Ба гуфтаи вай, Русия омода аст, дар таъмини созиши комил, ки амнияти Исроилро кафолат медиҳад, нақши фаъол дошта бошад.Тибқи маълумоти ахир, дар натиҷаи бомбандозии Исроил дар Ғазза беш аз 24 ҳазор нафар кушта ва беш аз 60 ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд.Муноқишаи Фаластину ИсроилЁдовар мешавем, ки дар авоили моҳи октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо", ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос эълом шуда буд, аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт.Дар посух, нерӯҳои Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карду, шаҳрро бо бомбандозӣ ба хуну хок кашид.Ҷонибҳо сар аз 24 ноябр ба оташбас барои чаҳор рӯз мувофиқа карда, баъдан онро тамдид карда буданд, аммо мӯҳлати оташбас миёни Исроил ва Ҳамос рӯзи ҷумъа 1 декабр соати 7:00 (8:00 ба вақти Маскав) ба поён расид.Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар бораи масоили марзӣ ихтилоф доранд. Аз ин ру, дар ин минтақа тез-тез задухӯрдҳои мусаллаҳона ба амал меомаданд.Дар соли 1947 бо иштироки фаъолонаи Иттифоқи Шӯравӣ дар бораи барпо намудани ду давлат — Исроил ва Фаластин қарор кабул карда шуд, вале фақат аввалинаш ташкил карда шуду дуввум аз он бенасиб монд.Ба гуфтаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳалли бӯҳрони Ховари Миёна танҳо дар асоси формулаи “ду давлат”, ки аз ҷониби Шӯрои Амнияти СММ тасдиқ шудааст, имконпазир аст, ки таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар марзҳои соли 1967 бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқ пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20240118/lavrof-tasis-davlat-mustaqil-falastin-muhim-1061325982.html
https://sputnik.tj/20231213/tojikiston-smm-otashbas-ghazza-ray-dod-1060870119.html
исроил
фаластин
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/07/1054034270_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_1e8885eb3721c6a4424cf8bb30fbbd98.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лавров русия чора ҳалл низо фаластин исроил
лавров русия чора ҳалл низо фаластин исроил
Вазири умури хориҷаи Русия аз чораҳои зарурӣ барои ҳалли низои Фаластину Исроил гуфт
17:21 18.01.2024 (Навсозишуда: 11:22 19.01.2024) Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Русия, барои ҳалли муносибатҳои Исроил ва Фаластин танҳо муколамаи мустақим ва дастаҷамъӣ лозим аст
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар вазъияти Шарқи Наздик ба кори дастаҷамъӣ такя кардан лозим аст, ки Иёлоти Муттаҳида одати онро гум кардаанд.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои дипломатияи Русия барои соли 2023 изҳор дошт.
Вай зикр кард, ки Русия пешниҳод мекунад, ки ҳалли дастаҷамъона дар масъалаи Фаластин аз сар гирифта шавад ва изҳори умедворӣ кард, ки ин раванд пурмаҳсул хоҳад буд.
"Мо пешниҳодҳои худро дар бораи азсаргирии созиши дастаҷамъӣ дар бораи Фаластин баён хоҳем кард, то ҳама ҷонибҳои манфиатдор андешаҳои худро баён кунанд ва пешниҳодҳои худро ироа созанд",- гуфт Лавров.
Ба гуфтаи ӯ, барои ҳалли муносиботи Исроил ва Фаластин танҳо муколамаи мустақим лозим аст.
“Русия дар бораи робитаҳои “нимпушида”-и байни ИМА, Исроил ва мамлакатҳои ҷудогонаи араб хабар дорад, вале ин гуфтушуниди бевоситаи байни Исроил ва Фаластинро дар назар намегирад... Инхо муваффак намешаванд”, — гуфт ӯ.
Илова бар ин, раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия таъкид кард, ки Маскав "ба Исроил ва исроилиён дар бехатарӣ хеле манфиатдор аст".
"Ин шарики деринаи мост, кишвари мо аввалин шуда, истиқлолияти Исроилро ба расмият шинохт, ҳоло дар он ҷо ҳудуди 2 миллион нафар шаҳрвандон ҳастанд, ки ҳамзамон шаҳрвандони Русия ҳастанд, муҳоҷирон аз Русия ҳастанд. Албатта, ин ба мо бетараф нест", - изҳор дошт Лавров.
Ба гуфтаи вай, Русия омода аст, дар таъмини созиши комил, ки амнияти Исроилро кафолат медиҳад, нақши фаъол дошта бошад.
Тибқи маълумоти ахир, дар натиҷаи бомбандозии Исроил дар Ғазза беш аз 24 ҳазор нафар кушта ва беш аз 60 ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд.
Муноқишаи Фаластину Исроил
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо", ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос эълом шуда буд, аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт.
Дар посух, нерӯҳои Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карду, шаҳрро бо бомбандозӣ ба хуну хок кашид.
Ҷонибҳо сар аз 24 ноябр ба оташбас барои чаҳор рӯз мувофиқа карда, баъдан онро тамдид карда буданд, аммо мӯҳлати оташбас миёни Исроил ва Ҳамос рӯзи ҷумъа 1 декабр соати 7:00 (8:00 ба вақти Маскав) ба поён расид.
Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар бораи масоили марзӣ ихтилоф доранд. Аз ин ру, дар ин минтақа тез-тез задухӯрдҳои мусаллаҳона ба амал меомаданд.
Дар соли 1947 бо иштироки фаъолонаи Иттифоқи Шӯравӣ дар бораи барпо намудани ду давлат — Исроил ва Фаластин қарор кабул карда шуд, вале фақат аввалинаш ташкил карда шуду дуввум аз он бенасиб монд.
Ба гуфтаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳалли бӯҳрони Ховари Миёна танҳо дар асоси формулаи “ду давлат”, ки аз ҷониби Шӯрои Амнияти СММ тасдиқ шудааст, имконпазир аст, ки таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар марзҳои соли 1967 бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқ пешбинӣ мекунад.