https://sputnik.tj/20231213/tojikiston-smm-otashbas-ghazza-ray-dod-1060870119.html
Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии СММ барои оташбаси фаврӣ дар Ғазза раъй дод
Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии СММ барои оташбаси фаврӣ дар Ғазза раъй дод
Sputnik Тоҷикистон
Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро тасвиб кард, ки дар он талаби оташбаси фаврии башардӯстона дар минтақаи низоъ миёни Исроил ва Фаластин пешбинӣ мешавад.
2023-12-13T11:28+0500
2023-12-13T11:28+0500
2023-12-14T12:35+0500
дар тоҷикистон
смм
ғазза
сиёсат
оташбас
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0d/1060870094_0:0:3078:1731_1920x0_80_0_0_7529104b0674bcd26392dd6e05412e9b.jpg
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро тасвиб кард, ки дар он талаби оташбаси фаврии башардӯстона дар минтақаи низоъ миёни Исроил ва Фаластин пешбинӣ мешавад.Илова бар ин, талаб гардид, ки бидуни ироа кардани шарти пешакӣ тамоми гаравгонҳо озод шаванд ва дастрасӣ ба кумакҳои башардӯстона таъмин гардад, хабар медиҳад "РИА Новости".Ба тарафдории ин санад 153 мамлакат овоз доданд. Аз ин миён 10 давлат, аз ҷумла ИМА, Исроил, Австрия ва Чехия раъйи муқобил доданд.Инчунин 23 кишвари дигар, аз ҷумла Украина, Британияи Кабир, Олмон, Итолиё, Аргентина ва Гурҷистон аз овоздиҳӣ худдорӣ карданд.Тоҷикистон аз ин қатънома пуштибонӣ кард. Ҳамзамон Маҷмааи кулл алайҳи пешниҳоди Амрико дар бораи ворид кардани ислоҳ ба санади маҳкум кардани ҳамлаи Ҳамос раъй дод. Бояд гуфт, қатъномаро дар бораи вазъи вахими мардуми осоиштаи фаластинӣ дар навори Ғаззаро Миср ва Мавритания омода намуданд. Муаллифон борҳо таъкид кардаанд, ки ин санад сирф башардӯстона аст ва намехоҳанд, ки он сиёсӣ шавад. Тибқи матни санад, Маҷмаи Умумии СММ “тақозо мекунад, ки оташбаси фаврии башардӯстона” таъмин гардад ва инчунин “ба таври фаврӣ ва бидуни қайду шарт ҳамаи гаравгонҳо озод гарданд ва дастрасӣ ба кумакҳои башардӯстона таъмин гардад.Ин матн аз ҳамаи тарафҳо тақозо мекунад, ки ӯҳдадориҳои тибқи қонуни байналмиллалии башардӯстона, аз ҷумла дар мавриди ҳимояи шаҳрвандонро риоя кунанд. Рӯзи ҷумъа як қатънома бо ҳамин талабот дар Шӯрои Амнияти СММ монеъ шуд. 13 узви Шӯрои Амният тарафдори қабули ин санад буданд, Бритониё худдорӣ кард. Бар хилофи қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, қатъномаҳои Ассамблеяи Генералӣ эътибори қонунӣ надоранд.
https://sputnik.tj/20231111/rahmon-jonibho-alohida-falokati-bashariro-ghazza-nodida-1060437194.html
ғазза
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0d/1060870094_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_43d706fcb8ae3e6d9edb0803db55c631.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон оташбас ғазза раъй
тоҷикистон оташбас ғазза раъй
Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии СММ барои оташбаси фаврӣ дар Ғазза раъй дод
11:28 13.12.2023 (Навсозишуда: 12:35 14.12.2023) Маҷмаи Умумии СММ алайҳи пешниҳоди Амрико дар бораи ворид кардани тағйирот ба санади маҳкум кардани ҳамлаи Ҳамос раъй дод
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро тасвиб кард, ки дар он талаби оташбаси фаврии башардӯстона дар минтақаи низоъ миёни Исроил ва Фаластин пешбинӣ мешавад.
Илова бар ин, талаб гардид, ки бидуни ироа кардани шарти пешакӣ тамоми гаравгонҳо озод шаванд ва дастрасӣ ба кумакҳои башардӯстона таъмин гардад, хабар медиҳад "РИА Новости".
Ба тарафдории ин санад 153 мамлакат овоз доданд. Аз ин миён 10 давлат, аз ҷумла ИМА, Исроил, Австрия ва Чехия раъйи муқобил доданд.
Инчунин 23 кишвари дигар, аз ҷумла Украина, Британияи Кабир, Олмон, Итолиё, Аргентина ва Гурҷистон аз овоздиҳӣ худдорӣ карданд.
Тоҷикистон аз ин қатънома пуштибонӣ кард.
Ҳамзамон Маҷмааи кулл алайҳи пешниҳоди Амрико дар бораи ворид кардани ислоҳ ба санади маҳкум кардани ҳамлаи Ҳамос раъй дод.
Бояд гуфт, қатъномаро дар бораи вазъи вахими мардуми осоиштаи фаластинӣ дар навори Ғаззаро Миср ва Мавритания омода намуданд. Муаллифон борҳо таъкид кардаанд, ки ин санад сирф башардӯстона аст ва намехоҳанд, ки он сиёсӣ шавад.
Тибқи матни санад, Маҷмаи Умумии СММ “тақозо мекунад, ки оташбаси фаврии башардӯстона” таъмин гардад ва инчунин “ба таври фаврӣ ва бидуни қайду шарт ҳамаи гаравгонҳо озод гарданд ва дастрасӣ ба кумакҳои башардӯстона таъмин гардад.
Ин матн аз ҳамаи тарафҳо тақозо мекунад, ки ӯҳдадориҳои тибқи қонуни байналмиллалии башардӯстона, аз ҷумла дар мавриди ҳимояи шаҳрвандонро риоя кунанд.
Рӯзи ҷумъа як қатънома бо ҳамин талабот дар Шӯрои Амнияти СММ монеъ шуд. 13 узви Шӯрои Амният тарафдори қабули ин санад буданд, Бритониё худдорӣ кард.
Бар хилофи қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, қатъномаҳои Ассамблеяи Генералӣ эътибори қонунӣ надоранд.